Умеда Воҳидзода: «Ба истифода додани 4 муассисаи таълимӣ боиси таъмини 1780 нафар хонандагон бо ҷойи нишаст гардид»
ДУШАНБЕ, 25.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ 4 муассисаи таълимӣ бо шумораи 1780 ҷойи нишаст дар як баст ба истифода дода шуд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ директори муассисаи мазкур Умеда Воҳидзода иттилоъ дод.
Ба гуфтаи Умеда Воҳидзода, дар соли равон аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» дар ҷашни байналмилалии Наврӯз 2 муассисаи таълимӣ-мактаби №15-и деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Фархор ва 14-и ноҳияи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ барои 560 ҷойи нишаст дар як баст ва бахшида ба ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳати миллӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи №9-и деҳаи Сангтӯда барои 660 ҷойи нишаст ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и деҳаи Хуррамзамин барои 560 ҷойи нишаст дар як баст дар ноҳияи Данғара ба истифода дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» имконияти бо ҷои нишаст фаро гирифтани зиёда аз 16 ҳазор мактаббачагонро дар ду баст доро буда, мақсади лоиҳаи мазкур ҳамчун мақоми ваколатдор, қабл аз ҳама, беҳтар намудани таҳсилоти умумӣ ва низоми таҳсилот дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон ба шумор меравад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






