Вазири собиқи Афғонистон Амрулло Солеҳ шаҳри Душанберо аз диди сафоӣ қобили муқоиса бо Швейтсария ва ҳатто беҳтар аз он донистааст
ДУШАНБЕ, 06.07.2017./АМИТ «Ховар»/. Яке аз чеҳраҳои намоёни сиёсии Афғонистон, собиқ Вазири ислоҳоти амниятии ин кишвар Амрулло Солеҳ дар саҳифаи худ дар шабакаи Фейсбук хотираҳояшро роҷеъ ба як сафари охиринаш ба Тоҷикистон чоп намудааст. Азбаски он барои хонандаҳои мо низ ҷолиб хоҳад буд, матни навиштаи Амрулло Солеҳро пурра ва бидуни тағйир пешкаш мекунем.
«Намешавад ва наметавонем»-ро бояд аз худ дур созем
Ман баъди шонздаҳ сол, ҷиҳати иштирок дар як конфронси минтақаӣ, ки аз тарафи Амрико тамвил мегардад, ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон омада ва каме фурсати гашту гузорро ёфтам…
Қаблан барои иштирок дар як маҷлиси амниятӣ сирфан барои як рӯзи корӣ омада будам. Он чиро ба вазоҳат дидам, ин аст, ки нишонаҳои фақр монанди гадоӣ, дастфурӯшӣ, ҷавонони бекори нишаста дар сояи поркҳову кофеҳо дида намешавад.
Фақр аз шаҳри Душанбе барчида шудааст. Дар ҳар маҳаллаи шаҳр тафреҳгоҳҳои қашангу муназзам сохта шудааст. Чандин ҳутели панҷситора сохта шудааст ва ба гуфтаи худашон, ҳоло тавоноии мизбонӣ аз 12 раиси давлатро дар як замон доранд. Шаҳр аз диди сафоӣ қобили муқоиса бо Суис («Швейтсария») ва ҳатто беҳтар аз он аст. Ҳатто як бутал (бутрӣ; “бутылка”) ва харитаи плостик (кисаи плостикӣ)-ро дар ин чанд рӯз дар саракҳо (кӯчаҳо) надидам.
Тоҷикистон замоне воридкунандаи симент буд, ҳоло ба яке аз бузургтарин содиркунандаҳои барқ ва симент табдил шудааст. Бо он ки теппаҳои дохил ва беруни шаҳр сарсабзанд, чорпое дар ҳоли чариш надидам. Барои чариши чорпо ва ҳифзи чорпо қонун вуҷуд дорад. Аксари мутарҳое, ки дар ҷодаҳо дида мешаванд навтавлид ва шиканд.
Сафири Амрико, хонум Миллард моро ба зиёфати шом даъват кард. Иқоматгоҳи сафири Амрико хориҷ аз шаҳр аст ва ҳеҷ навъ тартиботи физикии амниятӣ надорад. Ҳеҷ навъ. Сирфан як пулиси бесилоҳ дар дарвозааш истода буду бас.
Тоҷикистон яке аз беҳтарин системҳои иҳсоияро дар минтақа дорад ва хабар аст, ки киҳо таваллуд шуданд, киҳо мурданд ва киҳо дар куҷоянд ва чӣ мекунанд. Зиндаҳо ва мурдаҳои кишвар дарҷи иҳсоияанд.
Яке аз мизбонҳои тоҷики мо ба шӯхӣ гуфт, шӯхие, ки то мағзи устухонамро сӯзонд, ин, ки «мо дар ин ҳабдаҳ соли ахир даҳҳо километр тоннел сохтем ва Афғонистон натавонист якуним километр тоннели сохташуда дар Солангро тармим ва муроқибат кунад. Қаблан фосилаи роҳ аз Душанбе то вилояти Хуҷанд 16 соат буд, ҳоло сирфан ба 4 соат тақлил ёфтааст».
Аз се истудиуми (варзишгоҳи) шаҳр дидан кардам, ҳама пур аз ҷавонони варзишкор буд. Ин достон дароз аст… Аммо дастоварди маънавии Тоҷикистон ин аст, ки ба парчами миллии худ, ба ҳувияти миллии худ, ба дастовардҳои иқтисодии худ аз таҳи дил фахр мекунанд. Тавъам бо ҳар дастоварди иқтисодӣ, як дастоварди фарҳангӣ ва маънавӣ низ доранд. Кишвари Қатар хоста барояшон бузургтарин мадрасаи диниро бисозад, аммо дизойн ва тарҳи он мутлақ илҳомгирифта аз таърихи муҳандисии қадими ин хитта аст.
Қуввати ифода, фасоҳат дар гуфтору навиштан ва дар кулл рушди забони форсӣ дар ин ҷо чашмгир аст. Аз истилоҳоти печида ва муғлақи рӯзҳои пас аз истиқлол дигар хабаре нест. Фасеҳ ҳарф мезананд. Нишонаҳои сарват ба вузӯҳ дида мешаванд, вале тамоми иморатҳо ва биноҳои навпо характери бисёр хос ва сангин доранд.
Даврубар ҳафтод ҳазор коргари хориҷӣ ҳоло дар Тоҷикистон масруфи корҳои мухталифанд. Нишонае аз сармояҳои орӣ аз савия ва клос дида намешавад.
Ман борҳо ба кишварҳои ғарбӣ сафар кардаам, вале ҳеҷ гоҳ ба ин андоза ҳисси аҷиб бароям аз ин ки чаро мо натавонистем ва наметавонем, даст надодааст. Бо худ гуфтам, бузургтарин монеъа дар сари роҳи мо чист? Шояд даҳҳо монеъ вуҷуд дошта бошад, вале яке аз бузургтарини онҳо ҳамин ҳиси «наметавонем ва намешавад» аст, ки бояд онро аз сару вуҷуди хеш дур созем. Бояд ба ёд дошт, ки ин кишвар сирфан бисту панҷ сол умр дорад ва ҳеҷ лоф ва тумтароқ аз таърих ҳам намезанад. Ба гуфтаи худашон, зиндагиашон бар бунёди ҳуқуқ ва дунявият аст. Агар қарор бошад дар муқоиса бо дигарон ба худ печ бихӯрем ва эҳсоси шарм кунем ҳамин ҷост, чун Тоҷикистон чанд сол қабл фақиртарин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ буд.
Чашмҳоро бояд шуст ва дунёро бояд таври дигаре дид. Остинҳоро бояд боло зад ва кори воқеӣ намуд. Ё ҳу.
Амруллоҳи СОЛЕҲ,
вазири пешини ислоҳоти
амниятии Афғонистон
Маълумоти АМИТ «Ховар»:
Амрулло Солеҳ соли 1971 дар вилояти Панҷшер ба дунё омадааст. Дар вақти ба Афғонистон ворид шудани Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ӯ дар мактаб мехонд. Маълумоти миёна гирифта, ба дастаи Аҳмадшоҳи Масъуд дар дараи Панҷшер шомил мешавад. Аз он айём то соли 2001 ӯ дар канори ин қумондони маъруф будааст.
Баъди суқути Толибон Амрулло Солеҳ як муддат дар Вазорати мудофиаи Афғонистон ҳамроҳи генерал Муҳаммад Қосим Фаҳим кор кардааст. Соли 2005 Амрулло Солеҳ роҳбари Раёсати амнияти миллии Афғонистон ва Вазири ислоҳоти амниятии ин кишвар буд ва ин ниҳодро то соли 2010 раҳбарӣ кардааст.
Амрулло Солеҳ аз соли 2010 то инҷониб аз сиёсат дурр нашудааст ва яке аз чеҳраҳои намоёни сиёсии Давлати Исломии Афғонистон мебошад.
Дар интихоботи президентии соли 2014 Амрулло Солеҳ аз номзадии доктор Абдулло (ҳоло сарвари ҳокимияти иҷроияи Афғонистон) пуштибонӣ карда буд.
Амрулло Солеҳ бо намояндаи вижаи Муншии умумии СММ дар Афғонистон Ян Кубиш











Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамкориро дар соҳаи таҳсилоти техникӣ ва касбӣ тақвият мебахшанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Судҳои Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2026 беш аз 80 ҳазор парвандаро баррасӣ намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба Вазорати адлия беш аз 17 ҳазор мавод оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ворид гардид
ТАҲҚИҚОТИ СОТСИОЛОГӢ. Дар Тоҷикистон издивоҷи бармаҳал коҳиш ёфтааст
Агентии хизмати давлатӣ талаботи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ»-ро мавриди санҷиш қарор дод
Дар Тоҷикистон сомонаи сифати ҳаво фаъол гардид
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво то 20 июл боқӣ мемонад
Ба 200 нафар занон — ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ дар соли 2026 Диплом супорида шуд
Дар ноҳияи Айнӣ корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел ва барқарорсозии инфрасохтори зарардида идома доранд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 106 миллион сомонӣ ба манфиати модару кӯдак рӯёнида шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегӣ бо 47 муассисаи илмӣ-таҳқиқотии хориҷӣ ҳамкорӣ дорад
ТАШАББУСИ НАВИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ ЭЪМОРИ СУЛҲИ ПОЙДОР. Андешаҳо дар ин маврид






