Занони куҳансоли вилояти Хатлон: «Либоси сиёҳ, бахусус сатру ҳиҷоб ҳеҷ гоҳ хоси фарҳанги миллати тоҷик набуд ва бонувони мо набояд онро ба бар намоянд!»
ДУШАНБЕ, 15.07.2017. /АМИТ «Ховар/. «Ҷавонон дар зиндагӣ саросема нашуда, аввал илм омӯзанд, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ кунанд, аз мактаби рӯзгордорӣ огоҳ шаванд, барои ҳаёти босаодати худ замина муҳайё сохта, баъд оила барпо намоянд. Агар ҷавонон зиндагии мустақилонаи худро аз рӯи ҳамин меъёр ба роҳ монанд, албатта, хушбахт мешаванд». Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолон ва намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеаи кишвар бахшида ба 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” зикр намуданд.
Бо пайгирӣ аз ин гуфтаҳои Сарвари давлат Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба пешгирии тамоюли бегонапарастӣ, омода намудани фарзандон, аз ҷумла духтарони ҷавон ба ҳаёти мустақилона, тарғиби ҳунари кадбонугии занон дар маҳаллаҳо ва дигар мавзӯҳои муҳим гурӯҳи корӣ таъсис намуда, дар маҳаллаҳо, деҳаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят бо занону духтарон суҳбату вохӯриҳо доир намуда истодааст.
Дар ҷараёни вохӯриҳо таъкид гардид, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни занону бонувон бояд вусъат бахшида шавад. Гуфта шуд, ки сару либос намунаи ва нишондиҳандаи фарҳанги миллии ҳар халқ аст, бинобарин занону духтарони моро мебояд фарҳанги бою ҷаҳоншумул ва бостонии миллати худро фаромӯш насозанд, балки ба он арҷ гузоранд, онро ҳифз намоянд ва такмилу ривоҷ бахшанд.
Занони куҳансоли вилоят дар мулоқотҳо ба сухан баромада, иброз доштанд, ки либоси сиёҳ, бахусус сатру ҳиҷоб ҳеҷ гоҳ хоси фарҳанги миллати мо набуд ва бонувони мо набояд онро ба бар намоянд!