Дар шаҳри Панҷакент Чемпионати Тоҷикистон оид ба шоҳмот оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 05.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Панҷакент бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панчакент Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шоҳмот байни мардон ва бонувон оғоз ёфт.