АЗ ЧАРХ ТО IPAD. Рӯзи ихтироъкорони ҷумҳурӣ муборак!
«…Дар ҷаҳони имрўза маҳсули ақли инсон ва дастовардҳои он чун маводи пурарзишу гаронбаҳо хариду фурўш мегардад. Маҳсули ақли инсон дар ҳазорсолаи сеюм ба сармояи пурарзиш табдил хоҳад ёфт ва ҳатто нисбат ба сарватҳои табиӣ даромади бештаре меорад…».
Эмомалӣ Раҳмон
ДУШАНБЕ, 20.08.2017. /АМИТ Ховар/ Ҳамасола дар кишвар якшанбеи сеюми моҳи август Рўзи ихтироъкорон ва навоварони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Ин сана бо мақсади қадр кардан ва дастгирӣ намудани шахсони ихтироъкору навовар таъсис дода шудааст. Дар иртибот ба ин АМИТ “Ховар” перомуни ихтироот дар ҷумҳурӣ ва ҷаҳон, ки дар ҳаёти рӯзмараи мо басо муҳим арзёбӣ мешаванд, чанд нуктаро пешниҳоди хонандагон месозад.
Инсон аз қадимулайём ба эҷоду офариниш майд дорад. Маҳз маҳсули хирад ва ғояҳои неки инсонӣ имрўз ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳусни дигар бахшидаанд. Дар шароити имрўза иқтидор ва қувваи бузурги дилхоҳ давлатро на танҳо аз рўи боигариҳои табиию канданиҳои фоиданоки он, балки аз рўи истифодаи моликияти зеҳнӣ, аз ҷумла моликияти саноатӣ ва технологияҳои иттилоотии нави он баҳогузорӣ мекунанд.
Чанде пеш яке аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон «Oualcomm» дар байни зиёда аз 10 000 аҳолии 17 давлати ҷаҳон таҳқиқоти сотсиологӣ гузаронида, шахсият, хислат ва фаъолияти ихтироъкорон, инчунин имконоти имрӯзу ояндаи давлатҳоро дар самти ихтироъкорӣ муайян намуд.
Тадқиқоти ширкати мазкур 3 самти ихтироъҳои муҳими замони муосирро муайян кард, ки инҳо чарх, барқ ва интернет мебошанд. Зимни пурсиш 84 фоизи мардуми ҷаҳон изҳор намудаанд, ки мо дар давраи рушди ихтироъкорӣ ва навоварӣ умр ба сар мебарем. Ихтироъҳое, ки бо мурури замон азнавсозӣ гардидааст ихтироъи телефон, мошин ва компютер мебошад, ки ҳоло намунаи гуногуни ин ашёҳо мавҷуд аст. Аз ҷумла компютеру телефонҳои мобилии муосир бо тамғаҳои гуногун аз қабили «Ipad», «Samsung», «Aplle» ва ғайраҳо мавҷуд аст. Ҳоло аксарияти мардум бе алоқаи мобилӣ ва тамошои телевизор ҳаёти худро тасаввур карда наметавонад. Телефони мобилӣ ва интернет бо ҳаёти мо зич пайвастааст.
Дар ҷаҳон аз ҳама бештар чунин ихтироъҳоро мардум дар ҳаёти ҳаррўзаи худ истифода мебаранд: мӯйхушккунак, деги биринҷпазӣ қутбнамо, часпаки ширешдор, пулти телевизор, соат, телефони мобилӣ.
Тибқи мушоҳидаҳои ширкати мазкур аз ҳама бештар давлатҳои Япония, Британия, Германия ва Амрико ихтироъҳои муфид офарида ва ҳифз намудаанд. Дар ин кишварҳо асосан синни ихтироъкорони ҷавон аз 18 то 24 мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз самтҳои сиёсати рушд ва тараққӣ додани иқтисодиёти кишварро дар дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ихтироъкорон, навоварон ва дигар шахсони эҷодкор дар қаламрави кишвар ва берун мебинад. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» баҳри боз ҳам беҳтар гардидани фаъолияти ихтироъкорон корҳои назаррас анҷом медиҳанд. Ҳамасола дар доираи озмунҳо ва чорабиниҳо онҳоеро қадрдонӣ менамоянд, ки бо хирад ва офаридаҳои хеш ба манфиати халқ хизмат менамоянд.
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ», Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ, амалигардонии сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти саноатӣ, аз ҷумла ихтироот таъмин менамояд.
Дар ҷумҳурӣ бо мақсади ҷалби афроди лаёқатманд ба навоварию ихтироъкорӣ, тарғибу ташвиқи соҳа дар байни ахолӣ, дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ихтироъкорону навоварони ҷумҳурӣ, ҳамчунин ба муносибати Рўзи ихтироъкору навоварон пайваста озмуну сабқатҳо гузаронида мешаванд.
Тавре муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Боймурод Боев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ихтироъкорону навоварони мамлакат барои ихтирооташон дар озмунҳои ҷумҳуриявию ҷаҳонӣ соҳиби ҷоизаҳо мегарданд. Аз ҷумла, Саломат Далатшоев, сармуҳандиси Институти лоиҳакашӣ-таҳқиқотии «Тоҷикэнергопроект» барои ихтирои «Тарзи ченкунии наздикшавии деворҳои биноҳои зеризаминӣ» сазовори медали тиллои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ҳамчун ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон дар солҳои 2015-2016 гардидааст. Ҳамчунин Мамадҷон Сафаров, номзади илмҳои техникӣ, ихтироъкор, директори Маркази механиконии кишоварзӣ ва технологияҳои инноватсионии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо ҷоизаи олии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нишони фахрӣ» сарфароз гардонида шудааст.
Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ барои саҳми арзанда гузоштан дар самти ихтироъкориву навоварӣ чандин нафар ихтироъкорони ҷумҳурӣ бо нишону ҷоизаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ қадрдонӣ карда шуданд. Аз ҷумла, 21 нафар ихтироъкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали тиллои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, 11 нафар бо медалҳои тиллои В.И.Блинников-и Идораи патентии Авруосиёгӣ («Барои саҳми арзанда гузоштан дар соҳаи ихтироъкорӣ ва патентӣ»), 10 нафар ихтироъкори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони «Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилоот» ва 16 нафар ихтироъкорон бо “Нишони Фахрӣ”-и «Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иктисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидаанд.
Ғайр аз ин як қатор ихтироъҳои занҳои ихтироъкори кишвар дар намоишгоҳи байналмилалии «Занҳои ихтироъкори ҷаҳон», ки дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея дар солҳои 2012-2017 баргузор шуда буд, сазовори 24 адад медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ шудаанд. Марказ ҳамчунин ба 834 нафар нахустпатент ва ба 490 нафар патент барои ихтироъ додааст, то ихтирои хешро дар амал татбиқ намоянд.
Бояд зикр намуд, ки ҳамаи ин дастовард ва навовариҳо натиҷаи ғамхориҳо ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин соҳа мебошад. Сарвари Давлат зимни суханрониҳои худ борҳо таъкид намудаанд, ки мо дар замири насли наврас, махсусан, донишҷўёни таълимгоҳҳои олӣ, ки ояндаи миллатанд, бояд завқи навоварию эҷодкорӣ ва ихтироъкорию худтакмилдиҳиро парвариш диҳем.
Ба ин хотир бори аввал дар ҷумҳурӣ бо ибтикори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо низоми нави пешниҳоди лоиҳа ва навовариҳои дорои характери ихтироъкорӣ ва инноватсионӣ (тариқи электронӣ) дар сомонаҳои интернетии www.tajpatent.tj ва www.innovation.tj роҳандозӣ карда шуд. Ба иттилои Боймурод Боев, мақсад аз ташкили чунин тарзи коргузорӣ- боз ҳам осон ва камхарҷ пешниҳод намудани лоиҳа ва навовариҳои инноватсионӣ аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ мебошад. Тариқи ин сомонаҳо ҳар як шахс новобаста аз сол ва соҳаи фаъолият метавонад лоиҳа ва навоварии худро ба унвонии Муассиса пешниҳод намояд.
Мутахассисони Муассиса лоиҳа ва навовариҳои инноватсиониро мавриди баррасӣ ва омўзиш қарор дода, ба шаҳрвандон дар такмил ва коркарди лоиҳаҳо ва навовариҳо кумак мерасонанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, он лоиҳаҳо ва ғояҳои нави инноватсионӣ, ки муфид ва хусусияти дар саноат татбиқшавандагӣ доранд, аз ҷониби Муассиса ба вазорату идораҳо ва ширкату корхонаҳои дахлдор бо мақсади ҷалби сармоягузорӣ ва дар амал татбиқ намудан пешниҳод карда мешаванд.
Ҳамчунин аз ҷониби Муассиса лоиҳаҳо ва ғояҳои нави инноватсионии беҳтарин дар дохил ва беруни кишвар ба ҷомеа муаррифӣ карда шуда, қадрдонӣ мешаванд.
Зарангези ЛАТИФ