Дар қароргоҳи Созмони ҳамкории Шанхай дар Пекин Рӯзи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад

Август 29, 2017 12:17

ДУШАНБЕ, 29.08.2017. /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябри соли равон дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Хитой дар қароргоҳи Созмони Ҳамкории Шанхай Рӯзи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, санъат ва фарҳанги тоҷикро дар СҲШ ансамбли рақсии «Ҷаҳоноро», инчунин ҳунарпешагон Ҳақназар Аловатов ва Фирдавс Ҳошимов муаррифӣ хоҳанд кард.

Ҳадаф аз баргузории Рӯзи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани санъати волои тоҷик, фарҳанги миллӣ ва аз ҷониби ҷаҳониён ҳамчун кишвари соҳибтамаддун шинохтани Тоҷикистон мебошад.

Август 29, 2017 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд