Дар Бонки миллӣ масъалаи мубодилаи маълумот байни мақомоти давлатӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 08.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарии директори Департаменти мониторинги молиявӣ Файзулло Файзуллозода ҷаласаи навбатии зергурӯҳҳои Гурӯҳи корӣ вобаста ба мубодилаи маълумот байни мақомоти давлатӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, зергурӯҳҳои ин гурӯҳи корӣ бо мақсади гузаронидани низоми мубодилаи маълумот байни мақомоти давлатӣ ба таври электронӣ таъсис шудаанд. Зимни вохӯрӣ ба аъзои зергурӯҳҳо аз ҷониби намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони ҶДММ «Истэра» муаррифиҳо вобаста ба корҳои минбаъда оид ба танзими низоми мубодилаи маълумот пешниҳод шуданд. Инчунин аъзои зергурӯҳҳо мулоҳизаҳои худро вобаста ба тартиби нави мубодилаи маълумот баён намуда, зикр карданд, ки тартиби нав ба самаранокии низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом таъсири мусбат расонида, равандҳои иловагиро зимни мубодилаи маълумот аз байн мебаранд.
Файзулло Файзуллозода пешниҳод кард, ки барои хуб ба роҳ мондани ҳамкорӣ созишномаҳои дутарафа ба имзо расонида шаванд. «Ин созишномаҳо заминаи ҳуқуқии иловагӣ барои тартиби нави мубодилаи маълумот ба таври электронӣ мегарданд»,-гуфт ӯ.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






