Дар Душанбе 3-юмин Анҷумани ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилкунанда доир мешавад
ДУШАНБЕ, 11.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҷавонон ва Соли ҷавонон 12 август дар Кохи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Федератсияи футболи Тоҷикистон 3-юмин Анҷумани ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилкунанда баргузор мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Дар Анҷуман иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, 100 нафар донишҷӯёни фаъоли дар хориҷи кишвар таҳсилкунанда аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат, 80 нафар намояндагони ҷавони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, 100 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва 50 нафар волонтёрони ҷумҳурӣ дар назар аст.
Анҷумани донишҷӯёни тоҷики хориҷи кишвар аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳозира Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) 2 марти соли 2014 таъсис ёфтааст. Имрӯз Анҷумани мазкур дар даҳ кишвари ҷаҳон зиёда аз 1500 нафар аъзои фаъол дорад. Аз ҷумла, аъзои он дар Федератсияи Россия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Нидерландия, Малайзия, Кореяи Ҷанубӣ, Украина ва Ҷумҳурии Лаҳистон таҳсил доранд.
Мақсад аз таъсиси Анҷумани донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилкунанда баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва мустаҳкам намудани робитаи байниҳамдигарии донишҷӯёни тоҷик аст, ки дар хориҷи кишвар таҳсил доранд.
Ба ин муносибат пагоҳ дар Боғи «Ирам» ва Боғи Рӯдакӣ силсилабарномаҳои фарҳангиву маърифатӣ ва илмиву фароғатӣ ба доир мешаванд.








Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пурзӯр карда мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад






