Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст

Июнь 22, 2026 13:00

ДУШАНБЕ, 22.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз дастовардҳои беназири солҳои соҳибистиқлолӣ ваҳдати миллӣ мебошад. Ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои муҳими ҷомеаи муосир ба шумор меравад, ки асоси сулҳу субот ва пешрафти ҳар як давлатро ташкил медиҳад. Мафҳуми ваҳдат маънои ҳамбастагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоди тамоми қишрҳои ҷомеаро дорад. Танҳо дар фазои ваҳдат миллат метавонад рушд кунад, иқтисодиёт пеш равад ва сатҳи зиндагии мардум беҳтар гардад.

— Моҳияти консептуалии ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик танҳо як истилоҳи сиёсӣ ё санаи тақвимӣ нест. Ин падидаест, ки аз умқи таърихи соҳибистиқлолии мо сарчашма гирифта, дар марҳилаи нави давлатдорӣ ҳамчун наҷотбахши миллат зуҳур кард. Ваҳдат меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст. Дар шароити ҷаҳонишавии муосир, ки бархӯрди тамаддунҳо ва манфиатҳо авҷ гирифтааст, ваҳдат ягона сипарест, ки метавонад тамомияти арзии мамлакат ва ҳувияти миллиро ҳифз намояд.

Сиёсати дурбинона ва оқилонаи Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ бо роҳи музокира ва мусолиҳа бартараф гардид. Аз моҳи апрели соли 1994 то июни соли 1997 дар давлатҳои хориҷии дуру наздик музокираҳои байни тоҷикон баргузор гардида, санади барои халқи тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли мо сарнавиштсозу таърихӣ – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расид.

Барои Тоҷикистон ваҳдати миллӣ аҳамияти махсус дорад. Пас аз солҳои душвори низоъ, маҳз ваҳдат тавонист ҷумҳуриро ба роҳи сулҳу оромӣ ҳидоят намояд. Ваҳдат рамзи ягонагии мардум, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва пос доштани фарҳангу анъанаҳои гузаштагон мебошад. Ҳар як шаҳрванди мамлакат вазифадор аст, ки барои ҳифз ва таҳкими ин неъмати бебаҳо саҳми худро гузорад. Таҳлили таърихӣ нишон медиҳад, ки дар барқароркунии сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори сулҳ калидӣ аст. Шиори «Ман ба шумо сулҳ меорам!» на танҳо як ваъда, балки ба як барномаи стратегии наҷоти миллат табдил ёфт.

Таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон аз ҷониби Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан ҳамчун модели муассири ҳалли низоъҳои дохилидавлатӣ ба давлатҳое, ки ба буҳрони сиёсӣ ва ҷангҳои байниҳамдигарӣ дучор гардидаанд, тавсия карда шуд.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун яке аз мафҳумҳои калидӣ дар илми ҷомеашиносӣ ва сиёсатшиносӣ баррасӣ мешавад. Он на танҳо як шиор, балки низоми мураккаби муносибатҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки устувории давлат ва пешрафти ҷомеаро таъмин менамояд. Барои дарки амиқи моҳияти ин мавзуъ, зарур аст, ки онро аз чанд ҷиҳат – таърихӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ахлоқӣ мавриди таҳлил қарор диҳем.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз бо заҳмату талошҳои пайгирона Тоҷикистонро дар интиҳои асри ХХ ва ибтидои ХХI аз фоҷиаи миллӣ раҳо намуданд. Таҳти сарварии Пешвои миллат миллати тоҷик баъд аз қарнҳо дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯйи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад.

Бо вуҷуди аҳамияти бузург, ваҳдати миллӣ ҳамеша ниёз ба ҳифз ва таҳким дорад. Тағйироти ҷаҳонӣ, таъсири омилҳои сиёсии беруна ва мушкилоти иқтисодӣ метавонанд ба ин раванд таъсир расонанд. Аз ин рӯ, давлат ва ҷомеа бояд пайваста барои нигоҳ доштани фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ чораҳо андешанд. Ин метавонад тавассути маориф, фарҳанг, воситаҳои ахбори омма ва барномаҳои иҷтимоӣ амалӣ гардад.

Аз нуқтаи назари иҷтимоӣ, ваҳдати миллӣ ба ташаккули муҳити солими зиндагӣ замина мегузорад. Дар ҷомеае, ки ваҳдат ҳукмфармост, эҳсоси боварӣ ва ҳамкорӣ байни одамон қавитар мешавад. Ин ҳолат ба рушди иқтисодӣ низ таъсири мусбат мерасонад, зеро сармоягузорӣ, фаъолияти соҳибкорӣ ва ташаббусҳои ҷамъиятӣ бештар дар фазои оромӣ ва эътимод рушд мекунанд. Баръакс, ихтилоф ва ҷудоӣ боиси коҳиши имкониятҳо ва афзоиши мушкилоти иҷтимоӣ мегардад.

Ваҳдати миллӣ барои ҳар як сокини Тоҷикистон на танҳо як мафҳуми сиёсӣ, балки кафили зиндагии осоишта, субот ва пешрафти мамлакат аст. Он мисли нурест, ки пас аз рӯзҳои сахту торики ҷанги шаҳрвандӣ ба хонадони тоҷикон дубора гармӣ ва умед овард.

Чаро ваҳдат муҳим аст?

Ваҳдати миллӣ сутунест, ки давлатро нигоҳ медорад. Аҳамияти онро метавон дар нуқтаҳои зерин баҳо дод:

— бе сулҳу ваҳдат ягон давлат наметавонад рушд кунад. Он амнияти ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаро таъмин менамояд;

— танҳо дар фазои ором корхонаҳо сохта мешаванд, роҳҳо бунёд мегарданд ва сармоягузорони хориҷӣ ба мамлакат меоянд, ки ба рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ замина мегузоранд;

— ваҳдат имкон дод, ки мо дубора ба решаҳои таърихии худ баргардем, ҷашнҳои миллӣ – Сада, Наврӯз, Меҳргон ва Тиргонро бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил кунем ва забони модарии худро ҳифз намоем.

Ҳамин тариқ, имзои Созишномаи истиқрори сулҳ исбот кард, ки миллати тоҷик дорои захираи бузурги маънавӣ ва хиради азалӣ аст. Ин ҳуҷҷат пирӯзии ақл бар эҳсос ва нур бар зулмот буд. Самараи ин ҳуҷҷати таърихӣ – ваҳдати миллӣ тавонист халқро муттаҳид ва бо ҳам орад. Мардум дубора ба сохторҳои давлатӣ эътимод карданд. Ин боиси баргаштани ҳмватанони мо ба Ватан гардид, ки дар таърихи ҷаҳонӣ собиқаи кам дорад.

Рушди соҳаи илму фарҳангӣ дар замони соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллӣ нишон медиҳад, ки миллат дубора ба шинохти аслу насаби худ рӯ овардааст. Имрӯз забони тоҷикӣ ҳамчун рукни асосии ваҳдат мақоми давлатӣ гирифт ва ба омили муттаҳидкунандаи тамоми тоҷикони ҷаҳон табдил ёфт. Ҳамаи ин дастовардҳо дар соҳаҳои болозикр дар арсаи байналмилалӣ маҳсули фазои оромест, ки ваҳдат фароҳам овардааст.

Ҳамаи мо шоҳиди он ҳастем, ки чӣ гуна имрӯз Тоҷикистони биҳиштосо зери роҳбарии хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қадамҳои устувор ба пеш меравад.

Бунёди неругоҳҳо, нақбҳо ва мактабҳои муосир, иншооти соҳаҳои тандурустӣ ҳама аз баракати ваҳдат аст. Бигзор ин иттиҳоду ҳамбастагӣ ҷовидон бошад, зеро дар иттифоқ қувват ва дар ваҳдат саодати миллат ниҳон аст.

Ваҳдати миллӣ имкон медиҳад, ки қишрҳои гуногуни ҷомеа новобаста аз миллат, дин ё ақида дар доираи як ҳадафи умумӣ муттаҳид шаванд. Ин муттаҳидӣ ба рушди демократия, таҳкими қонун ва баланд шудани эътимоди мардум ба ниҳодҳои давлатӣ мусоидат мекунад. Аз ҷиҳати ахлоқӣ, ваҳдати миллӣ ба арзишҳое чун таҳаммулпазирӣ, эҳтироми якдигар, инсондӯстӣ ва масъулиятшиносӣ такя мекунад. Ин арзишҳо дар рафтори ҳаррӯзаи шаҳрвандон инъикос меёбанд. Агар ҳар як инсон ба дигарон бо эҳтиром муносибат кунад ва манфиатҳои милливу давлатиро аз манфиатҳои шахсӣ болотар гузорад, заминаи мустаҳками ваҳдат ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ аҳамияти калон дорад.

Ҳамин тариқ, вазифаи ҳар як фарди худогоҳу хештаншинос дар шароити имрӯза ниҳоят муҳим аст, зеро имрӯз душманони миллат кӯшиш карда истодаанд, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ байни мардум нифоқ андозанд. Дар чунин шароит танҳо ҷомеаи муттаҳид метавонад дар баробари ғояҳои бегона ва ифротӣ истодагарӣ кунад.

Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон на танҳо як дастоварди гузашта, балки як раванди доимии созандагист. Он мисли дарахтест, ки ҳар рӯз ба обёриву нигоҳубин ниёз дорад.

Ваҳдат – ин имон ба ояндаи дурахшон аст!

Ваҳдат – ин масъулият дар баробари гузаштагон ва наслҳои оянда аст!

Ваҳдат – ин ягона нишонаи бақо ва ҳастии тоҷикон дар харитаи сиёсии ҷаҳон аст.

Аз ин рӯ, чунонки мегӯянд, дар иттиҳод қувват ва дар ваҳдат саодати миллат ниҳон аст. Ин ҷумла бояд шиори зиндагии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бошад. Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем давлати худро ба яке аз давлатҳои пешрафтатарини ҷаҳон табдил диҳем ва номи неки ниёгони худро зинда нигоҳ дорем.

Ҷаҳду талошҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободиву шукуфоии Ватан ва таҳкими ваҳдати миллӣ барои ҳар яки мо манбаи илҳом, азму ғайрати дучанд аст. Мо бояд аз ҳамаи имкониятҳо самаранок ва оқилона истифода бурда, барои дар оянда боз ҳам ободу зебо шудани Тоҷикистони азиз саҳм гузорем.

Ҳикматулло ХОҶАЕВ,
мудири шуъбаи меъёрбандӣ, музди меҳнат ва сатҳи зиндагии аҳолии Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, номзади илмҳои сиёсӣ

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 22, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пурзӯр карда мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Аҳамияти ҳуқуқии таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об. Назари коршинос дар ин хусус