Дар ноҳияи Рӯдакӣ маъракаҳои «чил» ва «сол» минбаъд бидуни таом баргузор карда мешаванд

Август 9, 2017 09:38

ДУШАНБЕ, 09.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Минбаъд дар ноҳияи Рӯдакӣ маросими «чил» ва «сол» бидуни додани таом баргузор карда мешаванд.  Сокинони ин ноҳия якдилона тасмим гирифтанд, ки аз ин баъд ба маъракаҳои азодорӣ барои изҳори тасаллият ва хондани дуою фотиҳа раванд. Ҳадафи ин корро Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадраҳим Юсуфӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сабукӣ бахшидан ба рӯзгори мардум, решакан намудани урфу одатҳои серхароҷот ва тарғиби сарфаю сариштакорӣ арзёбӣ намуд.

Ба андешаи Муҳаммадраҳим Юсуфӣ, татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» чун дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ низ хуб роҳандозӣ шудааст. Ин санад ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ мусоидат карда, зиндагии сокинонро ба низом даровард ва ба афзоиши амалҳои хайр заминаи бунёдӣ гузошт.

Ба иттилои мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ Неъматулло Давлатзод, дар айни замон дар ноҳия комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ оид  ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо фаъолият намуда, бобати риояи бечунучарои муқаррароти қонун дар байни аҳолӣ ва ҷомеаҳои меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотию ташвиқотӣ мебаранд. Дар шашмоҳаи  аввал дар ҳудуди ноҳия 3130 адад ҷашну маросимҳо, аз ҷумла 295 маъракаи хатнасур, 1900 тӯйи домодию арӯсӣ, 592 маросими чил ва  343 маросими сол гузаронда  шудаанд. Дар баргузории ин ҷашну маросимҳо 10 миллиону 636 ҳазору 922 сомонӣ маблағ сарф гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 920 ҳазору 649 сомонӣ зиёд аст.

Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадраҳим Юсуфӣ мегӯяд, ки аз рӯзи ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» то имрӯз дар самти пешгирии исрофкорӣ ва зиёдаравӣ корҳои зиёд ба анҷом расида бошанд ҳам, риоя нагардидани баъзе муқаррароти он ҳамоно мавзӯи баҳс боқӣ мондааст. Санҷишҳои гузаронидаи комиссияҳои доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо собит намуданд, ки то ҳол нафароне ҳастанд, ки бар хилофи қонун амал намуда, ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд. Дар ин давра дар ҳудуди ноҳия 8 амали вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қайд гирифта шудаанд. Ин нафарон шахсони мансабдор, доро, тавоно ва соҳибкор буда, нисбат ба онҳо парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ҷазо дар намуди ҷарима татбиқ гардид.

Зикр шуд, ки ҷиҳати таълимоти ғайрирасмии динӣ дар дохил ва хориҷи кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва муассисаҳои таълимӣ идома доранд. Аз ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ 197 нафар дар хориҷи кишвар таҳсили ғайрирасмӣ мекарданд. Дар марҳилаи аввал 18 нафар ва минбаъд 146 нафарашон ба Ватан баргардонида шуданд. Баргаштагон қисман дар муҳоҷирати меҳнатӣ ва бо касбу кори гуногун машғул мебошанд.

Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадраҳим Юсуфӣ ҳамчунин илова намуд, ки барои пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ кормандони бахши дин якҷо бо гурӯҳи корӣ дар байни ҷавонон, омӯзгорон, фаъолон ва сокинон ҷиҳати аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ ва тақвият додани фарҳанги миллӣ мулоқоту вохӯриҳои судманд баргузор менамоянд.

 

 

Август 9, 2017 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Чаро маъракаҳои ҳоҷиталбон ҳолати худнамоишдиҳӣ гирифтаанд?
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани қонуни танзими анъана зиёд шудаанд
16 СОЛИ ПУР АЗ МАНФИАТ. Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳимияти он дар зиндагии сокинон
ТАНЗИМИ МАЪРАКАҲО — ОМИЛИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ. Таҳти ин унвон дар шаҳри Левакант бо сокинон мулоқот доир гардид
Дар Суғд доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ корҳои таблиғотӣ ва силсиламулоқот гузаронида шуданд
Дар Вазорати молия ҷиҳати татбиқи қонуни танзим ҷаласа доир шуд
Барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 358 парванда аз ҷониби судҳо баррасӣ гардид
Ҷаримаҳо барои риоя накардани талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим зиёд карда шуданд
Суди ноҳияи Файзобод Шобидин Табаровро барои риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷарима намуд
Дар 20 рӯз 9 ҳолати вайрон намудани муқаррароти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ба қайд гирифта шуд