Дар Рашт оид ба риояи талаботи қонунҳои вобаста ба танзими расму оинҳо ва масъулияти падару модар ҷаласа доир шуд
ДУШАНБЕ, 01.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт ҷаласаи фаврӣ-хизматӣ вобаста ба вазъи интизоми хизматӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо иштироки сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии Вазорати корҳои дохилӣ Абдураҳим Раҳимзода, сардори РВКД дар минтақаи мазкур Рустам Шафизода ва ҳайати шахсӣ доир гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, сардори РВКД дар ин минтақа Рустам Шафизода доир ба вазъи интизоми хизматӣ ва риояи қонуният дар давоми ҳафт моҳи соли равон гузориш дода, зикр намуд, ки талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз ҷониби аҳолӣ риоя гардида, мавриди иҷро қарор доранд.
Сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии Вазорати корҳои дохилӣ Абдураҳим Раҳимзода оид ба риоя намудани қонуният ва даст назадани кормандон ба амалҳои коррупсионӣ, инчунин бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ вобаста ба иҷрои қонунҳои амалкунанда сухан гуфт.
Дар ҷаласа ҳайати шахсии РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт изҳор доштанд, ки дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилиро, ки аз Паём ва суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли ҷомеа бармеоянд, сармашқи фаъолияти худ қарор дода, баҳри амалӣ намудани онҳо саъю талош меварзанд.