Гумрукчиёни Душанбе миқдори зиёди арақи худсохтро ошкор карданд
ДУШАНБЕ, 02.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе шаҳрванд П. А., соли таваллудаш 1984, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ҳангоми ба фурӯш гузоштани арақи худсохт дастгир гардид.
Тавре аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, шаҳрванд П. А. бо мақсади ба даст овардани даромади муфт ва фиреб намудани истеъмолкунандагон дар мавриди хосияти истеъмолкунӣ ё сифати маҳсулот 10 қуттӣ машруботи спиртии тамғаи «Шоҳона», навъи «Хлебная»-ро ба миқдори 52 адад ва «Платинум» ба миқдори 62 адад, ҷамъ 114 адад бо ғунҷоиши як адад шиша 0,5 литр, ки бо тариқи худсохт тайёр шуда буданд, аз манзили муваққатии истиқоматиаш, воқеъ дар маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе ба бордони нақлиёти тамғаи «Мерседес Бенс», рақами қайди давлатиаш ТJ 25-66 СР 01 ҷойгир намуда, ба маҳаллаи Воданасоси шаҳри Душанбе интиқол медиҳад.
Шаҳрванд П. А. арзиши як адад арақи тамғаи «Шоҳона Хлебная» — ро 14 сомонӣ ва арзиши як адад арақи тамғаи «Шохона Платинум»-ро 20 сомонӣ, ҷамъ 1 ҳазору 968 сомонӣ нархгузорӣ намудааст.
Тибқи мактуби ҶДММ «Шоҳона» арзиши 1 адад арақи тамғаи «Шоҳона Платинум» бо ғунҷоиши 0,5 литр 25 сомонӣ ва 1 адад арақи тамғаи «Шоҳона Хлебная» бо ғунҷоиши 0,5 литр 15 сомонӣ, ҷамъ 2 ҳазору 330 сомониро ташкил медиҳанд, ки ба таври худсоз бидуни технологияҳои истеҳсолӣ сохта шудаанд ва ба ҶДММ «Шоҳона» дахл надоранд.
Мувофиқи хулосаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санҷиши физикӣ-кимиёвии намунаҳои арақҳои тамғаҳои «Шоҳона Платинум», «Шоҳона Хлебная» ба талаботи ҳуҷҷати меъёрии арақҳо ва арақҳои махсуси «Шартҳои техникӣ» мутобиқ нест.
Мувофиқи хулосаи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳсулоти озмоишшуда, аз рӯи нишондодҳои намуди зоҳирӣ, қувватнокӣ ва дараҷаи ғизлати алдегит ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёри техникӣ мутобиқ набуда, истеъмоли чунин маҳсулот ба саломатӣ зарар дорад.
Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд П. А. ва дигарон бо моддаҳои 209, қисми 1 ва моддаи 294, қисми 2 – и банди «а» ва «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ба прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол карда шуд.








Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






