Истам Шарифов ва Анастасия Турсунова ғолибони Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис гардиданд

Август 28, 2017 16:43

ДУШАНБЕ, 28.08.2017. /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 то 27 августи соли равон дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Бино ба иттилои сардовари мусобиқаи мазкур Абдурасул Муҳиддинов, дар мусобиқа наврасон аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Россия, Украина, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Туркия иштирок намуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар мусобиқа байни писарон ҷои аввалро Истам Шарифов аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷойи дуюмро Хушбахт Каримов аз Тоҷикистон ва ҷойи сеюмро Саид Акбаров аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон сазовор гардиданд.
Миёни духтарон Анастасия Турсунова аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирифтани мақоми аввали мусобиқа сарфароз гардид. Ҷойи дуюмро  Наргис Яҳёева ва ҷойи сеюмро Камила Муллоева сазовор гардиданд.

Ба  ғолибони ҷои аввал (духтарон ва писарон)-и мусобиқаи мазкур   7000 сомонӣ, барои ҷои дуюм 5600 сомонӣ, барои ҷои сеюм 3500 сомонӣ,  барои ҷои якум, дуюм ва сеюми ҷуфти духтарон ва  писарон мутаносибан 3500, 2800 ва 1750 сомонӣ  мукофот дода шуд.

Бояд гуфт, ки мусобиқаи мазкур дар «Корти тенниси тобистона»-и КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» баргузор гардида, он ба рушди ин намуди варзиш дар ҷумҳурӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мусоидат менамояд.

Август 28, 2017 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд