Либоси миллӣ — таҷассумгари симои миллат

Август 2, 2017 10:22

РОҒУН, 02.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар  маркази шаҳри Роғун ва ҷамоатҳои  деҳоти он гурӯҳҳои корӣ иборат аз занҳои ботаҷрибаю кордон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо дар байни занон ҷиҳати ба фарҳанги бегона нагаравидани  бонувон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир менамоянд. Масъулин махсусан бо ҷавондухтароне, ки ба фарҳанги ғайр рӯ овардаанд, суҳбатҳои муфид мегузаронанд.  Тавре масъулини бахши занон ва оилаи  шаҳри Роғун ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуданд, хушбахтона, бо роҳандозии тадбирҳои таблиғотию ташвиқотӣ бобати пешгирӣ аз пӯшидани либосҳои сиёҳ, сатру ҳиҷоб рӯз аз рӯз теъдоди намоишдиҳандагони фарҳанги бегона дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Роғун кам мегардад.
Як нафар зани ботаҷрибаю собиқадори шаҳри Роғун Шарифмоҳ Ғаюрова дар мавриди либоспӯшии имрӯзаи бонувон чунин баёни андеша кард:  «Тоҷикон либоси  мили  худро  маҳфуз  дошта,  ба эҳтирому  эътибори  халқҳои  ҷаҳон  сазовор  гаштаанд. Мувофиқи сарчашмаҳои  илмӣ  халқи мо аз қадим либосҳои зебои  занона дошт ва ҳеҷ гоҳ  сиёҳпӯш  набуд. Имрӯзҳо ба баъзе занони сиёҳпӯш  нигариста,  дар шигифт  мемонем,  ки  чӣ тавр дилашон мешавад ин гуна либоси тираро ба бар кунанд?  Либоси сиёҳ рамзи торикию бадбахтист.  Бо либоси сиёҳи бегонагон  худнамоӣ кардан  ҷоҳилию  нодонист. «Одаму либос-  хонаву  палос»  гуфтаанд. Бонувони  тоҷикро бо пероҳани  миллияшон  мешиносанд.   Имрӯзҳо баъзе занон бо нияти нопок   либосҳои ба фарҳанги мо бегонаро тарғиб мекунанд. Тақлидкорӣ ба  либосҳои ба фарҳангу маданияти мо бегона  кори хуб нест, зеро ин бонувон симои  миллии худро  аз даст медиҳанд. Аз бонувони  ҷумҳурӣ даъват ба амал меорам, ки   аз  рӯймолу  куртаву  дигар либоси миллии хеш рӯй  нагардонанд, зеро зани  тоҷик  маҳз  бо ҳамин  гуна либос нозанину боиффат аст».

Август 2, 2017 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Чаро маъракаҳои ҳоҷиталбон ҳолати худнамоишдиҳӣ гирифтаанд?
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани қонуни танзими анъана зиёд шудаанд
16 СОЛИ ПУР АЗ МАНФИАТ. Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳимияти он дар зиндагии сокинон
ТАНЗИМИ МАЪРАКАҲО — ОМИЛИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ. Таҳти ин унвон дар шаҳри Левакант бо сокинон мулоқот доир гардид
Дар Суғд доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ корҳои таблиғотӣ ва силсиламулоқот гузаронида шуданд
Дар Вазорати молия ҷиҳати татбиқи қонуни танзим ҷаласа доир шуд
Барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 358 парванда аз ҷониби судҳо баррасӣ гардид
Ҷаримаҳо барои риоя накардани талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим зиёд карда шуданд
Суди ноҳияи Файзобод Шобидин Табаровро барои риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷарима намуд
Дар 20 рӯз 9 ҳолати вайрон намудани муқаррароти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ба қайд гирифта шуд