Назри Яздон: «Қоидаи рӯзгори инсоният ин аст, ки қисмате аз анъанаҳо бо гузашти айём аҳамият ва зарураташонро аз даст медиҳанд»
ДУШАНБЕ, 17.08.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар тӯли 10 соли охир дар миллати мо анъанаи хайрхоҳӣ ва сарпарастӣ кардан аз ҷониби қишри тавонгари ҷомеа ба табақаи камбизоат ва ниёзманд қудрати қавитар пайдо кард. Ин андешаи Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздон аст. Мавсуф мегӯяд, ки сарпарастию расонидани кумаки хайрхоҳона аз сӯи афроди доро ба шахсони ниёзманд, бахусус баргузор намудани маросими хатнасур ва тӯйи арӯсии фарзандони хонаводаҳои камбизоат дар кишвари мо ба анъанаи хуб табдил гардидааст.
Ба андешаи шоири шинохтаи тоҷик, анъанаи сарпарастӣ кардан аз ҷониби тавоноён, хусусан нафароне, ки қудрати молиявиашон бештар аст, аз лиҳози фарҳанги миллӣ ва динӣ арзи шукрона карданро дорад. Ин падида –сарпарастӣ бояд дар ҷомеа густурдатар сурат гирад, зеро сарпарастӣ ва хайрхоҳӣ дар рушди кишварҳои мутамаддин, хусусан дар қисмати ташаккули фарҳанги инсонпарварона мақоми бағоят бузург дорад.
Шоири Халқии Тоҷикистон Назри Яздон ин гуфтаҳоро дар ростои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баён намуда, таъкид дошт, ки ворид намудани тағйирот ба қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҷомеаи кунунии Тоҷикистон муҳим ва саривақтӣ мебошад. Тағйирот ба ин санад дар натиҷаи таҷрибаи даҳсолаи фаъолияти қонуни мазкур пайгирӣ шудааст, ки онро такмил медиҳад. Ба андешаи шоир, ин як раванди судманд ва зарурии қонунсозии миллист.
«Он таҷрибае, ки дар зарфи даҳ сол қонуни мазкур ҳосил кард ва он иловаҳое, ки пешниҳод гардидаанд, танҳо барои беҳтар намудани сатҳи иҷтимоии зиндагии мардуми тоҷик нигаронида шудаанд. Қоидаи рӯзгори инсоният аз нуқтаи назари фарҳангшиносии муосир ин гуна аст, ки қисмате аз анъанаҳое, ки мо ба онҳо пайванд, рағбат ва дилбастагӣ дорем, бо гузашти айём ва рӯзгор аҳамият ва заруратеро, ки як замон доштанд, аз даст медиҳанд ва бархе аз ин одатҳо хусусияти зараровар ҳам пайдо мекунанд ва тобишу таҷаллиеро, ки чанд муддат доштанд, бой медиҳанд. Табиати одамӣ ин аст, ки аз ин одатҳо дил кандан мушкил аст. Ба монанди осори таърихӣ ва ашёи арзишманде, ки аз нуқтаи назари таърих аҳамият доранд ва бояд ба осорхонаи урфу одат супорида шаванд»,-мегӯяд Назри Яздон.
Мавсуф ба ин назар аст, ки он тағйиру иловаҳое, ки ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гардидаанд, танҳо ба манфиати мардуми Тоҷикистон нигаронида шудаанд. Дар лоиҳаи қонуни мазкур, ки барои баррасӣ ва қабул аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони мамлакат пешниҳод гардидааст, ба мансабдорон ҷиҳати риояи қонуни мазкур диққати бештар дода шудааст, зеро дар тӯли 10 сол мушоҳида мегардид, ки бархӯрд бо ин қонун аз ҷониби ин шахсон мутаассифона, саҳлгирона аст. Ин кори хуб нест, зеро қонун барои ҳама як қудрат дорад ва эҳтиром бояд як гуна бошад.
Ба андешаи шоир, тоҷикон миллати пешдодӣ, яъне қонунпеша ҳастанд. Дар ин росто, бояд ҳамагон чӣ мансабдор, чӣ камбизоат, чӣ шоир, ба қонунҳои миллии кишвар эҳтиром гузоранд, зеро ки ин эҳтироми давлат, миллат ва эҳтироми Истиқлолияти миллии давлати мост. Дар зарфи солҳои охир тамоми тадбирҳои сиёсӣ- иҷтимоӣ, аз ҷумла иқдомҳое, ки дар бахши қонунгузории миллӣ роҳандозӣ мегарданд, қабл аз ҳама, барои беҳтар кардани сифати зиндагии миллатамон ва дар радифи ин, барои тақвияти худшиносии миллӣ ва ҳушёрии сиёсии миллатамон нигаронида шудаанд.
«Он маблағе, ки аз баргузории маросиму анъанаҳои серхарҷу беҳуда сарфа карда мешавад, бояд ба тарбия ва ба камол расонидани фарзандони миллат, ки ояндаи давлату миллат дар дасти онҳост, равона карда шавад. Дар шароити феълӣ дар хонаводаҳои тоҷик бояд фарзандоне ба камол расанд, ки зиёнро аз суд ба осонӣ фарқ намоянд, мушаххас созанд, ки манфиати шахсии ман чӣ аст? манфиати давлат ва миллати ман кадом аст? Мардум бояд дар хештан нангу ор, қудрат ва ғайрат пайдо намоянд, то ин ки манфиатҳои миллию давлатиро пуштибонӣ карда тавонанд, зеро шинохт ва ҳимоят аз ин манфиатҳо истеҳкоми ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти сиёсии ватани азизамон –Тоҷикистон аст»,-изҳор намуд Назри Яздон.