Ниҳоди президентӣ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ва миллӣ
ДУШАНБЕ, 02.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Ниҳоди президентӣ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ва миллӣ»- таҳти чунин унвон китоби докторанти риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Сиёвуш Наботов аз чоп баромад. Китоб ба таъсиси 25-солагии ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълони Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар нашрияи «Империал- Групп» нашр шудааст.
Китоб ба таҳлили пайдоиши ниҳоди президентӣ ва умдатарин масъалаҳои ниҳоди мазкур дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии кишварҳои хориҷӣ ва ватанӣ бахшида шудааст. Рисола бо назардошти қонунгузорӣ ва санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, инчунин сарчашмаҳои илмию таълимии ватанию хориҷӣ таҳия шуда, аз ду боб: «Ниҳоди президентӣ: назария ва амалия» ва «Ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», 6 банд: «Таъсиси ниҳоди президентӣ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ», «Президент-Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия», «Пайдоиши ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон». «Шакли идораи давлатии Тоҷикистон-ҷумҳурии президентӣ», «Тартиби интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва замимаҳо иборат мебошад.
Рисолаи мазкур барои ҳуқуқшиносон, кормандони соҳаи илм, сиёсатшиносон ва хизматчиёни давлатӣ тавсия карда мешавад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






