НУРИ ДИДА: Имрӯз -Рӯзи умумиҷаҳонии офталмологҳо

Август 8, 2017 09:27

ДУШАНБЕ, 8.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз соли 2004 ҳамасола 8 август чун Рӯзи умумиҷаҳонии офталмологҳо (духтурони чашм) ҷашн гирифта мешавад.

Офталмология соҳаи тибест, ки бо бемориҳои босира сарукор дорад. Ба духтури чашм дер ё зуд ҳар як инсон муроҷиат мекунад. Ҳатто дар одамони солим низ баъди 40-солагӣ тағйирёбии табиии  нури чашм сар мешавад. Қувваи босира ба инсон  80 фоизи маълумоти  заруриро оид ба муҳити атроф таъмин мекунад. Аз ин рӯ ҳар як бемории чашме, ки таҳти таъсири ин ё он омил ба вуҷуд меояд, нороҳатиҳои зиёд ба бор меорад.  Ана дар ҳамин лаҳза духтурони чашм ба ёрӣ мерасанд. Барои духтури чашм   аз бемори биношуда дида туҳфаи беҳтаре нест.

Тавре духтури чашми Бемористони байналмилалии Ибни Сино Шаҳло Бобоҷонова  баён намуд, сабабҳои аслии ба беморӣ гирифтор шудани чашми инсон модарзодӣ, никоҳи хешутаборӣ,  риоя накардани  гигиенаи босира,   инфексияҳо, осебҳо  ва истифодаи аз меъёр зиёди воситаҳои техникӣ (компютер, телевизор, телефонхои мобилӣ) мебошанд.

Хамчунин номбурда иброз дошт, ки ҳатто норасоии  ғизо низ метавонад яке аз  сабабҳои бемориҳои чашм гардад.

«Имрӯз мо дар асри технологияҳои компютерӣ, суръатҳои кайҳонӣ, муҳит ва авзои  номусоиди экологӣ  умр ба сар мебарем, ки ин ҳама ба чашмони мо таъсири манфӣ мерасонанд. Ҳоло гирифторони бемории чашм ниҳоят зиёд буда, аксарияти  беморонро кӯдакон ташкил медиҳанд»,-гуфт Шаҳло Бобоҷонова.

Ба гуфтаи мавсуф, бештари гирифторони бемории чашм нисбат ба бемории худ  камаҳмият буда, сари вақт ба духтур муроҷиат намекунанд, ки ин кори табибон ва табобатро то андозае мушкил мекунад.

«Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои табобати бемориҳои чашм тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Ҳамчунин бо ворид шудани беҳтарин таҷҳизоти муосир,  амсоли визометрия, авторефкератометрия, ретиноскопия, биомикроскопия, танометрия ва линзметрия кори табибон осон гардида, беморон метавонанд акнун на танҳо дар хориҷ аз кишвар, балки дар худи Тоҷикистон низ чашмони худро ташхису табобат ва ҷарроҳӣ кунанд»,- илова намуд духтури бемориҳои чашми Бемористони байналмилалии Ибни Сино.

Ба иттилои Шаҳло Бобоҷонова, дар бемористони  Ибни Сино дар шаш моҳи соли равон 17 нафар гирифторони бемории чашм ҷарроҳӣ карда шуданд ва ин ҷарроҳиҳо бомуваффақият анҷом ёфтанд.

 

 

Август 8, 2017 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд