Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи дастурхони серхарҷу исрофкорона хони маънавӣ ороед!»
ДУШАНБЕ, 16.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Чанд рӯз баъд иди саиди Қурбон, ки аз ҷумлаи суннатҳои пурарзиши динии халқамон мебошад, фаро мерасад. Рӯзи ид барои ҳама рӯзи шодиву сурур ба шумор рафта, хусусан ба шахсони сарватманд воҷиб гардидааст, ки ятимону маъюбон ва муҳтоҷону камбизоатҳоро низ ба ин шодӣ шарик гардонанд. Ин гуфтаҳо имрӯз зимни суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Вахши вилояти Хатлон баён гардиданд.
Қурбонӣ кардан яке аз суннатҳои ин ид мебошад. «Вале фаромӯш набояд кард, ки тибқи аҳкоми шариат ва фатвои фақеҳонӣ мазҳаби ҳанафӣ иҷрои ин амал танҳо ба шахсоне дуруст аст, ки шароити хуби зиндагӣ ва имконияти кофии молиявӣ доранд.
Ба шахсоне, ки дар рӯзгорашон мушкилот доранд, серфарзанд ҳастанд ё сарпарастии чандин нафари дигарро ба уҳда доранд, қурбонӣ кардан ва хайру садақа додан дуруст нест. Баръакс, шахсони дорову тавонманд бояд ба чунин оилаҳо ва дар навбати аввал, ба ятимону маъюбон ва муҳтоҷону камбизоатҳо дасти ёрӣ ва хайру сахо дароз кунанд ва қалби онҳоро шод гардонанд»,-гуфтанд Пешвои миллат.
Ин маънӣ дар чандин ҳадиси пайғамбари ислом таъкид шудааст. Вале тавре ки мушоҳида мекунем, дар бисёр ҳолатҳо як қисми мардуми мо ба ҷойи дастгирӣ кардани муҳтоҷону камбизоатҳо пойбанди тақлиду таассуб, исрофкориву зиёдаравӣ ва зоҳирпарастиву намоишкорӣ шуда, баъзеи онҳо ҳатто аз ҳисоби ризқу рӯзии аҳли хонаводаи худ дастурхони пурдабдаба меороянд, ки ин мухолифи таълимоти дини мубини ислом аст.
Рӯзҳои ид фурсате мебошад, ки инсон метавонад бо накӯкориву эҳсонкорӣ кори савобро анҷом диҳад, вале на бо зоҳирпарастиву исрофкорӣ, ки дар назди Худованд амали зишт ба ҳисоб меравад. «Бинобар ин, ба мардуми шарифи кишвар бори дигар таъкид месозам, ки аз пайи ҳарчи бештар анҷом додани амалҳои хайр бошанд, ба ятимону маъюбон, муҳтоҷону камбизоатҳо ва оилаҳои серфарзанду шахсони бесаробон кумак расонанд, аз зиёдаравию исрофкорӣ худдорӣ кунанд ва дастурхони идонаро ба зиёфати тӯёна табдил надиҳанд. Баръакс, такрор ҳам шавад, хотирнишон месозам, ки ба ҷойи дастурхони серхарҷу исрофкорона хони маънавӣ ороянд, яъне фарзандони худро насиҳат кунанд, онҳоро ба роҳи рост ва расидан ба қадри неъматҳои зиндагӣ ҳидоят намоянд, падарону модарон ва беморону ниёзмандонро аёдат кунанд ва дигар корҳои хайру савобро анҷом диҳанд»,-баён карданд Пешвои миллат.