РӮ БА РӮ БО ТАЪРИХ: Хабарнигори АМИТ «Ховар» ба асри 5-и милодӣ, ба шаҳри қадимаи Саразм «сафар» кард

Август 9, 2017 17:10

Омӯхтани таърих танҳо ба хотири донистани гузашта нест, балки он дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда, барои худогоҳии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оянда хизмат мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 09.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо донистани таърихи гузаштагон, ҳифзу нигаҳдошти мавзеву ёдгориҳои қадимӣ мо аз гузаштаи худ огаҳӣ ёфта, ояндаро бунёд месозем. Зеро дониши таърихиву ҷаҳонбинии ташаккулёфтаи мардум-омили нигаҳдорандаи ҳар халқу давлат аст. Дар ин замина ҳафтаи сипаригардида бо ибтикори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати 13-нафараи рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ баҳри аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо мавзеъҳои қадимии кишвар ба шаҳри бостонии Панҷакенти вилояти Суғд сафар анҷом доданд. Дар зер гузориши муфассали хабарнигори АМИТ «Ховар»-ро аз ин сафар пешниҳоди  хонандагон менамоем.

Гурӯҳи 13-нафараи рӯзноманигорон бо роҳбарии директори Пажӯхишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  доктори илмҳои таърих, профессор Зикриё Акрамӣ ҳафтаи сипаригардида аз мавзеъҳои қадимии шаҳри бостонии Панҷакент дидан намуд.  Мо, рӯзноманигорон   сараввал ба пойгоҳи омӯзишии Панҷакенти қадимӣ, ки дар он 13 нафар бостоншиносон аз Санкт- Петербург, 4 нафар мутахассисон аз шаҳри Панҷакент ва 5 нафар донишҷӯён пайваста ба корҳои кашфу бозсозӣ машғул ҳастанд, раҳсипор гардидем.

Аз оташ задани бошишгоҳи Деваштичу ёронаш то барқарор кардани симои Панҷакенти қадим

Зимни боздид аз Панҷакенти қадимӣ, ки масоҳаташ 13 гектарро ташкил медиҳад, ба мо маълум гашт, ки экспедитсияи бостоншиносии Панҷакент-яке аз куҳантарин экспедитсияҳо на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад. Бостоншиносони Тоҷикистон ва Санкт-Петербург ҳамасола шаҳри Панҷакенти қадимиро таҳқиқ менамоянд.

Омӯзишҳои нахустин соли 1946 аз ҷониби олими барҷаста Борис Илич Маршак (1993-2006) оғоз ёфта, кор ва мактаби ӯро то ба ҳол шогирдонаш идома медиҳанд. Ба қавли таърихнигорони ин мавзеъ, ҳанӯз аз 3 қисмат дар тӯли 71 сол танҳо 1 қисмати он омӯхта шудаву ду қисмат то имрӯз дар ҳоли омӯзишанд.

Директори Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Зикриё Акрамӣ зимни шиносоӣ зикр намуд, ки нақша доранд симои шаҳри Панҷакенти қадимиро барқарор намоянд. Усули омӯзиш тӯли 71 сол дар ин мавзеъ ба таври зайл будааст:  нахуст ҳангоми бозёфти ёдгорие он аз ҷониби бостоншиносон кушода, омӯхта шуда, ба харита дароварда мешавад ва баъдан он аз нав рӯпӯш карда мешавад. «Мо дар айни ҳол имкони мавзеъҳои бозёфтшударо кушода нигоҳ доштан надорем, чунки онро чангу борон аз байн мебарад. Барои кушода нигоҳ доштан мо бояд ҳамасола тавассути маҳлулҳои махсуси химиявӣ онҳоро нигоҳ дорем. Дар ин сурат арзиши кори мо  гарон меафтад»,-иброз намуд Зикриё Акрамӣ.

Ҳарчанд  пажӯҳишгоҳ дар самти нигоҳдории ин ёдгориҳо корҳои зиёдеро анҷом дода бошад ҳам, ҳангоми аз наздик дидани онҳо маълум гашт, ки ин ҳама корҳо ҳоло басанда набуда, аз таъсири боду ҳаво дар баъзе ҷойҳо эҳтимоли аз байн рафтани бархе ёдгориҳо ба чашм мерасад. Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, барои бо маводи зарурӣ нигоҳ доштани ин мавзеъ маблағҳои зиёд заруранд. То замоне, ки маблағи муайян ёфт нашавад, усули омӯзиш он гунае, ки тӯли 71 сол буд, ҳамон гуна боқӣ хоҳад монд. Новобаста ба ин мушкилӣ, аз ҷониби бостоншиносони тоҷик дар якҷоягӣ бо ҳамкорони русашон дар тӯли ин солҳо дар ин мавзеи қадимӣ нақшу нигорҳои зиёд, навиштаҷоту ашёҳои қадимии мутааллиқ ба асрҳои 5-8-и мелодӣ ёфт шудаву ҳамасола бо кашфиёти наву ҷолиб ин шаҳри бостонӣ ҳамагонро дар ҳайрат мегузорад.

Яке аз ин гуна мавзеъҳо- ин мавзеи омӯзиши қисми ғарбии шаҳри қадимии Панҷакент мебошад. Зимни боздид аз қисмати ғарбии шаҳр маълум гардид, ки ин мавзеъ аз маконҳои  камбағалони шаҳр дар гузашта буда, таърихи куҳану қадимӣ дорад. Кофтуков  ва бозёфти ёдгориҳо дар масоҳати 130 м2 дар ин мавзеъ ҳамаро ба ҳайрат овард. Маълум гардид, ки ин қисмати шаҳр воқеан ҳам бой набудааст, хонаҳои истиқоматии мардумонаш аз биноҳои якошёна иборат буда, соли 722 сӯзонида шудаанд. Рӯзноманигорон ҳангоми азназаргузаронии ин мавзеъ маконҳои сӯхташудаву деворҳои аз оташ ранггирифтаро бо чашми худ диданд.

Ба гуфтаи бостоншиноси маъруфи Россия Павел Лоре, ки тӯли зиёда аз 20 сол Панҷакенти қадимиро таҳқиқ мекунад, он замон мири араби Мовароуннаҳр аз худро роҳбар гирифтану саркашии сарвари онвақтаи суғдиён Деваштич ба ғазаб омада, шаҳрро забт  ва қисматеро оташ мезанад. Деваштич ва ёрони вафодораш  ба водии дарёи Қум, ба қалъаи Муғ гурехта, хонаҳои гурезагон ба эҳтимоли зиёд сӯзонида шуданд. Дар натиҷаи сӯхтор ҳама ҷойҳои ин шаҳр, ашёи рӯзгори мардуми суғдӣ ба коми оташ рафта, деворҳои хонаҳо ба худ ранги оташини сурхро гирифтаанд, ки ҳанӯз ҳам нишонаҳои он маълуманд. Баъдан дар соли 740 аз болои хонаҳои валангоргашта хонаҳои нав бунёд гардиданд, ки аз онҳо нишонаҳои кам боқӣ мондаанд. Дар яке аз хонаҳои як қисмати ин шаҳр ба шакли хазина  ва ё хум хонае истифода карда мешуд, ки аз дохили он зиёда аз 30 зарфи гуногун,   аз кӯзачаҳои мисли  бозичаи кӯдакон то хумҳои азим, ки ғунҷоиши то 250 л обро доранд, ёфт шудаанд.

Ба гуфтаи Павел Лоре, касби бозсозӣ (реставратор) ҳангоми омӯзишҳои бостоншиносӣ аз зумраи касбҳои асосиву ҳалкунанда ва нозуку мушкил ба шумор меравад. Дар пойгоҳи мазкур ин корро  Мария ном бонуе иҷро мекунад. Мария дар пойгоҳи кории Панҷакенти қадимӣ ба бозсозии деворнигораҳои ёфтшуда машғул буда,  ҳар як нақши деворнигораеро, ки аз ҷониби бостоншиносон ёфт мешавад,  бо як усули махсус аз деворҳо гирифта, тӯли як сол болои он кор мекунад, то тавонад шакли пештараашро барқарор созад. Ин деворнигораҳо асрҳои 5-8 милодиро дарбар гирифта, ҳар яке бо усули хоси худ бар рӯйи деворҳо наққошӣ шудаанд.

Ба гуфтаи бону Мария, айни ҳол ӯ ягона мутахассиси бозсоз дар кишвар буда, беш аз 20 сол мешавад, ки дар ин мавзеъ ба ин кор машғул аст. «Мо агар қаблан ёдгориҳои бозёфтшударо барои бозсозӣ ба Эрмитажи Санкт-Петербург равон мекардем, акнун тӯли даҳ сол аст, ки ин амал дар худи Тоҷикистон анҷом меёбад, — мегӯяд ӯ. —  Мутаассифона, дар соҳаи бозсозӣ мо дигар мутахассис надорем. Акнун шуморо мебояд, то дар ин самти кор мутахассисони соҳибкасб омода намоед, зеро акнун ҳар  бозёфте, ки кашф карда мешавад, дар худи Тоҷикистон нигоҳдорӣ ва бозсозӣ карда мешавад».

Воқеан ҳам бозсозӣ аз самтҳои муҳим ва нозуки кофтуковҳои бостоншиносӣ ба шумор рафта, тарбия намудани мутахассисони баландихтисос дар ин самти кор мебояд яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи масъулини  соҳа бошад.

Табарчаи биринҷии дарёфтнамудаи Ашӯралӣ Тайлонов ва оғози кофтукофи шаҳри пуртамаддуни Саразм

Шаҳраки қадимии Саразм аз ёдгориҳои куҳантарини мардуми Осиёи Марказӣ буда, аз маданияти кишоварзиву шаҳрсозӣ ва ҳунармандии ниёгонамон башорат медиҳад. Ҳангоми боздид аз ин шаҳри қадимӣ мо шоҳиди он гаштем, ки дар он бештар иморатҳои маъмурии то 100-160 метри мураббаъ масоҳатдошта бунёд шуда будаанд. Ҳанӯз ҳам нишонаҳои баъзеи онҳо мавҷуданд. Атрофи онҳоро ҳуҷраҳои хоҷагӣ ва растаҳои ҳунармандӣ иҳота намуда, онҳоро баъзан кӯчаю паскӯчаҳои сангфарш аз ҳам ҷудо менамудаанд. Ибодатхонаҳои мавҷуда ақоиди мазҳабии сокинони Саразмро бозгӯӣ мекунанд. Дар байни фарши толори ибодатхонаҳо барои барафрӯхтани оташ оташдонҳои чоркунҷа сохта шудаанд.

Абдурауф РазоковБа гуфтаи Абдурауф Раззоқов, ходими калони илмии  Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ Тоҷикистон, ки ба кофтуковҳои бостонии Саразм машғул аст, ин ёдгорӣ солҳои 70-уми  қарни гузашта бо шарофати як сокини ҳамин деҳа Ашӯралӣ Тайлонов пайдо гардидааст. Ашӯралӣ Тайлонов пас аз пайдо намудани як табари биринҷӣ онро дастраси нахусткашшофи Саразм Абдуллоҷон Исҳоқӣ мекунад. Ва ҳамин тавр Исҳоқӣ  соли 1977 ковишҳои бостоншиносиро дар ин мавзеъ оғоз менамояд. Нахустмуҳаққиқи ёдгории Саразм Абдуллоҷон Исҳоқӣ масоҳати ёдгориро то 100 гектар ва шумораи аҳолии онро то 8000 муайян намудааст. Абдурауф Раззоқов бар ин фикр аст, ки дар ёдгории Саразм якчанд нишонаи пайдоиши аввалин шаҳрҳоро мушоҳида кардан мумкин аст: биноҳои боҳашамат, кӯчаҳои сангфарш, нобаробарӣ дар молу мулкдорӣ ва ба табақаҳои иҷтимоӣ ҷудошавии ҷомеа, инкишофи баланди тиҷорат, растаҳои ҳунармандӣ, ба соҳаҳо тақсимшавии шуғлҳо, ки рукнҳои хоси маданияти шаҳрдорию шаҳрсозии осиёӣ мебошанд. «Миқдори зиёди бозёфтҳои моддии воридотӣ, чун лоҷуварди Бадахшон, ақиқи Қайроққум, фирӯзаи Хоразму Фарғона, зарфҳои мунаққаши хоси маданияти Балуҷистону Сиистони Афғонистон ва ғайраҳо бо роҳи тиҷорат ба Саразм ворид гаштаанд. Аз сӯи дигар, саразмиён паҳнкунандагони лоҷуварду маҳсулоти маъдании шимолу шарқи Осиёи Марказӣ ба самти ҷанубу Шарқи Миёна будаанд, ки дар ин маврид ёдгории Саразм ҳамчун пойгоҳи омезиш ва такомули чандин маданияти ақвоми ҳиндуаврупоӣ ба назар мерасад. Бузургии мавқеву мақоми ёдгории Саразми Панҷакент байни ёдгориҳои аҳди қадимии кишоварзии Шарқи Миёна маҳз дар ҳамин аст»,-афзуд А. Раззоқов.

Хушбахтона, баҳри ҳифзу нигаҳдошти ин шаҳри қадимӣ бо дастгирӣ ва супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои 2004-2008 панҷ иншооти ёдгорӣ болопӯш ва атрофи он бо панҷарадевор иҳота карда шудааст, ки нишон аз ғамхорӣ ва бузургдошти таърихи қадимии халқамон аст. Маҳз ҳамаи инро ба назар гирифта, 31 июли соли 2010 ёдгории Саразм дар сессияи 34-уми ЮНЕСКО, ки дар Бразилия баргузор гардид, ба феҳристи Мероси фарҳанги умумибашарӣ шомил шуд.

Ёдгории Санҷаршоҳ- туҳфаи шоҳи суғдиҳо ба сардори лашкар Фраманда

Баъд аз шиносоӣ бо шаҳри қадимии Саразм мо ва бостоншиносон аз ёдгории Санҷаршоҳ дидан намудем, ки ба мисли Панҷакенти қадимӣ дар як давр, яъне асрҳои 5-8 милодӣ арзи вуҷуд кардаву дар болооби дарёи Зарафшон ҷойгир шудааст. Шарофиддин Қурбонов, корманди пойгоҳи бостоншиносии шаҳри Панҷакент, ки дар ин мавзеъ ба кофтукови бостоншиносӣ машғул аст, мегӯяд, ки   Санҷаршоҳ пас аз Панҷакенти қадимӣ дуюмин ёдгорие мебошад, ки аз ҷиҳати масоҳат калонтарин шуморида мешавад. Масоҳати Санҷаршоҳ 6 гектарро дарбар гирифта, ба мисли Панҷакент дар асрҳои 5-8 арзи вуҷуд доштааст. Аввалин таҳқиқот ва кашфи ёдгории Санҷаршоҳ соли 1947 аз тарафи олими бостоншиноси рус Олга Смирнова сурат гирифта, солҳои 1975 аз тарафи Юсуфшоҳ Ёқубшоҳ бори дуюм ҳафриёти бостоншиносӣ ба таври хандақ гузаронида шудаанд. Аз соли 2001 то имрӯз дар ёдгории Санҷаршоҳ ҳафриёти бостонӣ идома доранд. Як миқдор хонаҳои якошёнаву дуошёна ва аз тарафи ҷануби ёдгорӣ девори муҳофизатӣ пурра боқӣ мондаанд. Дар зери ин девори муҳофизатӣ хонаҳои дуошёнаву сеошёна низ қисман боқӣ мондаанд. «Дар ин ҷо дар вақти гузаронидани ҳафриёт тангаҳои замони суғдиҳо аз асрҳои 6-8 дастрас шуд ва дар қисмати шимолу ғарбии ёдгорӣ кӯшки муҳофизатӣ ва донжонро, ки аз хонаҳои мустаҳкам иборат аст, пайдо кардем. Ҳамчунин аз ҳама бозёфти қиматтарине, ки мо дар ин ҷо ба он муваффақ шудем, ин дар ошёнаи якуми кӯшк бозёфти чизҳои органика, яъне сару либоси бутуне, ки то имрӯз дар осорхонаи Панҷакенти қадимӣ маҳфузанд, мебошад. Аз ҷумла, дар ин ҷо куртачаи писарбачаи 13-сола пурра боқӣ мондааст», иброз дошт Шарофиддин Қурбонов.

Ба гуфтаи номбурда дарёфти мактуби намояндаи араб ба сардори ин ёдгорӣ ва сарчашмаҳои хаттӣ маълум карданд, ки дар ин ҷо сарфармондеҳи ҳокими шаҳри Панҷакент Фраманда- фармондор зиндагӣ мекардааст ва   ёдгории Санҷаршоҳ моли туҳфакардаи шоҳи суғдиҳо ба сардори лашкараш- Фраманда будааст. Номи ин фармондор дар сарчашмаҳои хаттие, ки аз кӯҳи Муғ ёфт шудаанд, омадааст. Ҳангоми бо ин ёдгорӣ аз наздик ошно шудан (дидбонгоҳи ёдгории Санҷаршоҳ) маълум гашт, ки дар он солҳо санъати меъморӣ ба дараҷаи баланд пешрафт доштааст. Зеро фарши ошёнаи дуюм бе насби чӯбҳои иловагӣ мустаҳкам боқӣ мондааст, ки ин хеле ҳайратовар аст.

Аз ин сафар метавон хулоса кард, ки сарзамини гуҳархези Тоҷикистони азиз пур аз макону мавзеъҳоест, ки таърихи бою қадимӣ дошта, ҳанӯз бештари онҳо кашфношуда боқӣ мондаанд. Ва эҳтимоли зиёд меравад, ки дар зери он ҳама қабатҳои хокӣ ҳоло ёдгориҳои бузургу қадимии тамаддуни халқи куҳанбунёди тоҷик пинҳон мондаанд, ки барои кашфу нигоҳдории он соҳибкорони ватанӣ чун дигар ҳампешагони хориҷии хеш метавонанд заминаи хуб фароҳам оваранд. Зеро танҳо бо ҳифз ва нигаҳдошти таърих метавон ояндаи давлату миллатро пойдор нигоҳ дошт. Мо ҳар чӣ қадар ки метавонем, бояд неруву тавони худро сарфи ҳифзи ин ҳама ёдгориҳои бемисли таърихи қадимии худ намуда, нисбат ба тамаддуни куҳанбунёди худ бетарафӣ зоҳир нанамоем. Зеро Пешвои миллат зимни ҳама гуна суханрониҳои худ ҳамвора ҳифзу нигаҳдошти ёдгориҳои таърихиро яке аз рукнҳои асосии ватандориву хештаншиносии ҳар шахси хештаншиносу худогоҳ медонанд.

Шаҳлои САДРИДДИН

ДушанбеПанҷакентДушанбе

Август 9, 2017 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд
Имрӯз Рӯзҳои синамои Беларус оғоз меёбанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус оғоз мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус баргузор мегарданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид