Бахшида ба 1045-солагии табиби машҳури ҷаҳон-Абуалӣ ибни Сино ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд

Август 18, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 18.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар саросари ҷаҳон 1045-солагии олими забардасти тоҷик, табиби оламшумул, шоир, ҳаким Абуалӣ ибни Сино таҷлил карда мешавад. Мо ифтихор аз он дорем, ки Ибни Сино фарзанди бузурги халқи тоҷик аст ва тоҷик бо номи ӯ дар ҷаҳони илму фалсафа ифтихор мекунад. Ин матлабро 15 август  президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода зимни конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаи асолати миллӣ дар фалсафаи Ибни Сино» иброз намуд.

Иброз гардид, ки ба хотири бузургдошти Шайхурраис бо ибтикори Президенти Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари ҷумҳурӣ конфронсу симпозиумҳо ва машваратҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд. Академияи миллии илмҳо низ бахшида ба бузургдошти Ибни Сино конфронсу симпозиумҳои зиёд ба нақша гирифтааст, ки теъдоде аз онҳо доир карда шуданд.

Абуалӣ ибни Сино дар ҳақиқат нобиғаи давру замон аст. Осори гаронарзиши Сино бо гузашти 1045 сол то ҳол на танҳо дорои аҳамияти илмӣ аст, балки аҳамияти илмии бештаре касб намудааст. Миллати тоҷик аз доштани чунин нобиғаҳо ифтихор мекунад, зеро ҳар миллату давлатро бо нобиғаҳояш мешиносанд. Нобиғаҳои илму фарҳанг метавонанд ҳам номи худ ва ҳам номи миллатро дар саросари ҷаҳон баланд нигоҳ доранд.

Абуалӣ ибни Сино дастпарвари яке аз сулолаҳои бузурги миллати тоҷик- Сомониён ба ҳисоб меравад. Ӯ Нуҳ ибни Мансури Сомониро аз бемории вазнин наҷот дод ва бар ивази чунин амал барои истифода аз китобхонаи машҳури Сомониён иҷозат гирифт. Сино бо роҳи истифодаи асарҳои нодири ин китобхона дониши худро доир ба ҳамаи илмҳои замонааш пурра намуд.

Дар ҳамоиш олимону донишмандон доир ба зиндагӣ ва фаъолияти олим сухан намуда, нақши ҳаким Абуалӣ ибни Синоро дар пешрафти илмҳои фалсафа ва тиб муҳим арзёбӣ намуданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Август 18, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид