ВКД ҶТ: ОМИЛОНИ ҚАТЛИ САФАРАЛӢ КЕНҶАЕВ ОШКОР ВА ДАСТГИР ШУДАНД

Август 9, 2017 12:52

ДУШАНБЕ, 09.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ дод, ки омилони қатли Сафаралӣ Кенҷаев, собиқ раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон ва раҳбари Ҳизби сотсиалистӣ баъди 18 сол ошкор шуданд. 

Тибқи гузориши ВКД, ки шоми дирӯз, 8-уми август,  тариқи шабакаи  телевизионии «Тоҷикистон» пахш гардид, Кенҷаев моҳи марти соли 1999 дар Душанбе бо дастури Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофиа, маъруф бо Ҳоҷӣ Ҳалим кушта шудааст.  Тавре дар гузориш садо дод,  Ҳоҷӣ Ҳалим ба ҳар қотили Кенҷаев 2 ҳазор доллари амрикоӣ пардохт кардааст.

Имрӯз изҳороти Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дастраси АМИТ «Ховар» гардид, ки дар он омадааст:

Ҷанги шаҳрвандии  кишвари мо барои гурӯҳҳои манфиатхоҳи дохилию берунӣ чун майдони амалисозии ғаразҳои ҷинояткорона  истифода бурда мешуд. Ватандорони асил, новобаста аз шароити вазнини баамаломада талош мекарданд, ки оташи ҷанги бунёдсӯз ҳарчи зудтар хомӯш гардад. Фаъолони ҷомеа низ дар қатори роҳбарони сиёсии мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар барои ба эътидол овардани вазъият кӯшиш мекарданд.

Вале, мутаассифона, чуноне ишора шуд, вазъияти ногувори сиёсии кишвари мо барои гурӯҳҳои ҷиноятпеша чун фурсати мувофиқ ҷиҳати мақсадҳои нопок истифода мешуд. Бахусус, гурӯҳҳои ҷиноятпешаи берунӣ аз дохили мамлакати мо ҳаммаслакону пайравон, зархаридони худро ба худ моил сохта, аз бенангию худфурӯшии мисли худ ҷиноятпешагоне, ки ба ивази маблағи ночиз оромӣ, хушбахтӣ ва дигар муқаддасоти миллии худро мефурӯшанд, истифода карда, сафи гурӯҳҳои худро  афзун мекарданд.

Бахусус, дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе ҷиноятҳое содир мегардиданд, ки тарзи содиршавии онҳо аз фаъолияти гурӯҳии ҷинояткорони басо хавфнок дарак медод.

Таркишҳо, ҳамла ба мошинҳои низомиён, ҳуҷум ба дидбонгоҳҳои кормандони низомӣ, ҷиноятҳои дорои характери диверсионӣ, куштори кормандони ҳарбию низомӣ, ходимони ҷамъиятию сиёсӣ- ин аломатҳои бадқасдона аз қаблан тарҳрезӣ шудани ҷиноятҳо дарак медоданд.

Айни ҳол  фаъолияти басо хатарноки гурӯҳи ҷиноятпешаеро  шарҳ хоҳем дод, ки дар айёми ҷанги шаҳрвандии кишвар аз рӯи  фармону дастури  хоҷагони хориҷии худ амал карда, бо кирдору рафтори ҷинояткорона вазъияти ба амаломадаро боз ногувортар  намуданд ва дар содир кардани якчанд далели ҷинояти диверсионӣ, террор, таркиш ва куштори кормандони Дивизияи 201-уми ФР дар ҶТ, шахсиятҳои номдори кишвар, бахусус, олимони сохаи тиб, адабиётшиносону ходимони ҷамъиятиву сиёсӣ гумонбар дониста мешаванд.

Дар натиҷаи доир кардани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд тан аз аъзои фаъоли гурӯҳи ҷиноятпешаи махсусан хатарнокро муайян ва дастгир намуданд. Инҳо:

ОТАШ ЗАДЕМ-3Абдуллоев Рустам Гурезович, бо тахаллуси «Рустами норакӣ», санаи   таваллудаш 13 июли соли  1967, зодаи деҳаи Пехо, истиқоматкунандаи деҳаи Кибили шаҳри Нораки вилояти Хатлон, падари се фарзанд,  роҳбари гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпешаи мазкур;

Ашрапов Тағоймурод Сироҷович, бо тахаллуси «Алӣ», санаи таваллудаш 2 сентябри соли 1970, зодаи деҳаи Сичароғи собиқ ноҳияи Комсомолобод, истиқоматкунандаи кӯчаи С. Шерозии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, соҳиби 4 фарзанд;

Қудратов Саймуҳриддин Муҳибуллоевич, бо тахаллусҳои «Авлиё» ва «Эшон», санаи таваллудаш 9 августи соли 1964, зодаи деҳаи Данғараи болои ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, бо ҳукми суди Олии ҶТ барои содир кардани ҷиноятҳои куштор, ғайриқонунӣ бо худ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон ва тахрибкорӣ (диверсия) ба муҳлати 18 сол аз озодӣ маҳрум гардида, айни ҳол адои ҷазо дорад.

Дастгир кардани ин гурӯҳи ҷиноятпеша якчанд ҷиноятҳои махсусан вазнинро ошкор намуда, инчунин аз ҷониби кадом кишвар ва тавассути кӣ ба онҳо маблағ, дастурҳои ҷинояткорона додан ва силоҳҳои гунгогуни оташфишонро  дастрас гардиданро низ ошкор сохт.

Аъзои ин гурӯҳи ҷиноятпеша ҳанӯз аз солҳои навадуми асри гузашта, барои такмили тактикаи ҷангӣ ва омодасозии маводи тарканда аввал ба хориҷи кишвар рафта, чанд сол дар марказҳои омодасозии террористӣ таълим гирифтаанд. Аз нишондоди худи дастгиршудагон маълум гардид, ки онҳоро шахсони  он замон бонуфузи Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик, бахусус ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон   бевосита барои истифода бурдан дар амалҳои ҷинояткорона маблағгузорӣ карда, минбаъд ҳамчун шахсони боваринок дар амалӣ кардани мақсадҳои нопоки худ- таркишҳо, куштори кормандони ҳарбӣ ва  ходимони сиёсию ҷамъиятӣ истифода мекардаанд.

Чуноне гумонбарон нишондод доданд, ба мисли онҳо нафарони зиёде аз ҳисоби шаҳрвандони ҶТ ҳангоми ҷанги дохилии шаҳрвандӣ бевосита дар хориҷи кишвар таълимоти ҳарбӣ-диверсионӣ гирифта, ҳар кадоме на бо номҳои аслии худ, балки бо номҳои мустаор ё тахаллус дар ҷомеа байни худ шинохта ва ном бурда  мешудаанд.

Аз фаъолияти ҷинояткоронаи ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ чунин хулоса бармеояд, ки супоришҳои  таҷовузгарона аз ҷониби хоҷагони хориҷии онҳо  хеле доманадор ва ҳадафмандона будааст. Чаро ки тибқи нишондоди гумонбарони ҷиноятҳои таркиш, одамкушӣ ва дигар шаклҳои ҷиноятҳои махсусан вазнин, мақсад аз куштори афсарони рустабори Дивизияи 201-уми ФР дар ҶТ- ин ба вуҷуд овардани низоъ ва нобоварӣ, номуътадил кардани муносибатҳои сатҳи роҳбарони ФР ва ҶТ буда, бо ин амали ҷосусонаи худ таълимдидагони донишгоҳҳои махсуси диверсионӣ, иктишофӣ, думболагирӣ  дар ҳудуди ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекардаанд ва ин ҳама бевосита дар гузашта аз ҷониби Ҳалим Назарзода роҳбарӣ мешудааст.

 ОТАШ ЗАДЕМ... Аъзои ин гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша бо силоҳ ва лавозимоти ҳарбӣ пайваста таъмин буда, шахсоне мавриди ҳамлаи онҳо қарор мегирифтаанд, ки бевосита дар ҷомеа нуфузи бештареро соҳиб будаанд.

Аз ҷумла, соли 1994 дар яке аз ошёнаҳои бинои баландошёнаи кӯчаи Маяковскии шаҳри Душанбе афсарони рустабор, кормандони Вазорати мудофиаи ҶТ истиқомат доштанд. Ин аз назари ин  гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша, ки  роҳбарии онро Абдуллоев Абдуқодир Гурезович бо тахаллуси «Рустами норакӣ» ба уҳда дошт, берун намонд. Ҷиноятпешагони бо таппонча мусаллаҳ дар даромадгоҳи бинои мазкур тибқи таълимоти гирифтаи худ ҳар кадоме ҷои худро ишғол карда, бо баҳонаи телефон кардан Абдуллоев Абдуқодир Гурезович, Қудратов Саймуҳриддин Муҳибуллоевич бо тахаллуси «Авлиё» вориди ҳуҷраи афсарони рустабор шуда, Сергей Христофоров, Александр Захаров ва ҳамзистони онҳо Флюра Кленова ва Татяна Онишукро ба таври бераҳмона ба қатл расонидаанд.

Чуноне аз аъмоли ҷиноятии ин гурӯҳ бармеояд,  онҳо дар содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин ба таври гурӯҳӣ амал намуда, сабабгори ба ҳалокат расидани   шаҳрвандони бегуноҳ гардида, ҷиноятҳои диверсионӣ низ  содир карда, ба  буҷаи давлат зарари махсусан калон расонидаанд.

ОТАШ ЗАДЕМ-2Чунончи,  бо супориши бевоситаи Абдуҳалим Назарзода моҳи октябри соли 1995  Абдуқодир Абдуллоев бо тахаллуси «Рустами норакӣ» ва дигарон  бо як адад гранатамёт, норинҷаки зидди танк, 2 адад автомати Калашников ва тирҳои зиёд дар маҳаллаи 33-юми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаи нақлиёти зиреҳпӯши тамғаи «БТР»-ро бо ба кор даровардани норинҷак манъ намуда, дар ҳамин лаҳза аз гранатамёт оташ кушодаанд. Аз фурсати танбашавии  дигар воситаҳои нақлиёт истифода карда, бо истифода аз автомати Калашников ба автобуси афсарони Дивизияи 201-уми ФР оташ кушодаанд. Ин амал дар натиҷа талафоти зиёди ҷонӣ боқӣ гузоштааст….

Он солҳо аъзои ин гурӯҳи ҷиноятпеша дар гӯшаву канори пойтахт бевосита рафту омад ва ҳаракатҳои  афсарони русро назорат карда, бо пайдо шудани фурсати муносиб онҳоро ба ҳалокат мерасонидаанд…

Амалиёти ҷинояткоронаи ин гурӯҳи мусаллаҳ бар зидди сулҳу осоиштагии кишвари мо аз ҷониби сарпарастонашон амалӣ мегашт. Кормандони ҳарбии ФР ва ё қароргоҳи онҳо мавриди ҳуҷуми мусаллаҳонаи ин гурӯҳи муташаккил қарор мегирифт.

Сентябри соли 1994. Шахсе бо тахаллуси «Абдуллои ёвонӣ» дар шаҳри Душанбе бо Абдуқодир Абдуллоев, яъне «Рустами норакӣ» вохӯрда,  вобаста ба тарконидани базаи қисми ҳарбии Дивизияи 201-уми ФР, воқеъ дар гардиши Фурудгоҳи шаҳри Душанбе дастур додааст. Ёдрас месозем, ки новобаста аз чигунагии супоришҳои террористӣ аз ҷониби хоҷагони хориҷии худ, аъзои гурӯҳи ҷиноятпеша аз иҷрои он сарпечӣ намекарданд, чунки барои ин кирдорҳои хатарнок ба онҳо маблағҳои муайян пардохт мегардид.

Бо тайёр кардани маводи кимиёӣ, ки бевосита аз тарафи аъзои ин гурӯҳи террористӣ омода карда мешуд, вориди қисми ҳарбии Дивизияи 201-ми  ФР шуда, маводи таркандаро дар байни систернаҳо ҷой кардаанд, ки пас аз  чанде таркиши шадид ба вуҷуд омада, ба қисми ҳарбӣ зарари зиёди молӣ расидааст.

Аллакай барои ин гурӯҳи хатарноки террористӣ  содир кардани ҳама гуна ҷиноят ба як амали муқаррарӣ табдил ёфта буд. Пешбурди рӯзгор ва имкониятҳои ба даст овардани фоидаи молӣ барои аъзои ин гурӯҳи мусаллаҳи муташаккили ҷиноятпеша  танҳо аз ҳисоби одамкушӣ ва дигар ҷиноятҳои махсусан вазнин буд.

Чуноне аъзои ин гурӯҳи муташаккили хатарноки ҷиноятпеша нишондод додаанд, мисли онҳо шумораи зиёде аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таълими ҳарбӣ-диверсионӣ гирифта, гурӯҳ-гурӯҳ барои амалӣ кардани қасди ҷинояткоронаи худ пинҳонӣ ба марзи ҶТ ворид шуда, ба қавле, ба шикори шахсиятҳои шинохтаи мамлакат даст задаанд.

  КенджаевМоҳи марти соли 1999. Пас аз ду соли ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз ҷониби шахсони номаълум бо истифода аз силоҳи оташфишон дар суроғаи кӯчаи академик Б.Ғафуров, бинои 32 ба ҳалокат расонидани вакили Маҷлиси намояндагон, ҳуқуқшиноси шоиста Сафаралӣ  Кенҷаев чӣ дар матбуоти ватанӣ ва чӣ берунӣ овозаву ҳангомаҳои зиёде ба вуҷуд овард.

Ҳангоми содир кардани куштори вакили парлумони Маҷлиси Олии мамлакат Сафаралӣ Кенҷаев,  аъзои ин гурӯҳи ҷинотпеша бо сару либоси фарқкунанда, тағйири симои зоҳирӣ барои амалӣ кардани куштори ӯ муддати шаш моҳ марҳумро думболагирӣ карда, ахиран ҳар кадоме бо музди муайян, аниқтараш ба ивази 2000 доллари америкоӣ нақшаи куштори С. Кенҷаев, ду муҳофиз ва ронандаи ӯро содир кардаанд.

Куштори С.Кенҷаев на танҳо шахсияти ӯро аз арсаи сиёсат бурд, балки ба думболи ӯ  ду муҳофиз ва ронандаашро низ ҷинояткорон ба ҳалокат расонидаанд, то ягон шоҳиди ин ҳодиса боқӣ намонад.

Ҳангоми амалӣ кардани ин кирдори бераҳмона як нафар аъзои фаъоли ин гурӯҳи ҷиноятпеша Тағоймурод Ашрапов  бо тахаллуси «Алӣ»  захм бардошта,  бо кумаки ҳаммаслаконаш аз ҷои ҳодиса ба самти гардиши Фурудгоҳи шаҳри Душанбе,  аниқтараш ба манзили зисти Ҳалим Назарзода бо мақсади пинҳон шудан ва минбаъд табобат гирифтан интиқол дода шудааст. Ӯ дар он ҷо  аз ҷониби як нафар ҷарроҳ бо номи Бурҳон Кенҷаев  (соли таваллудаш 1946, соли 2016 вафот кардааст)  ҷарроҳӣ шуда, мавриди табобат қарор гирифтааст.

Пас аз куштори С. Кенҷаев байни мардум ҳар гуна тахмину овозаҳо паҳн гашта буд. Ҳатто овозае буд, ки гӯё Сафаралӣ Кенҷаев қурбони рақобати сиёсӣ шуда,  гӯё фаъолияти сиёсии ӯ барои ҳукумати вақт халал мерасонид ва монанди ин ҳар гуна тахмину овозаҳо вуҷуд доштанд.

Гарчанде аз куштори ходими сиёсӣ, вакили парлумон С. Кенҷаев муҳлати зиёд сипарӣ гардидааст, вале аҳли хонаводаи ӯ ба пирӯзии нур бар зулмот ва тантанаи адолат бовар доштанд. Ҳамсару фарзандон, асарҳои илмию бадеӣ, дастурҳои методии марҳум С. Кенҷаев идомаи умри нодидаи ӯ ҳастанд. Нангу виқор ва адолатпешагии ҳар як насли тоҷик дар фаъолият ва заҳматҳои онҳо таҷассум меёбад.

Хатару зиёни тарбиятгирандагони кишварҳои хориҷӣ, бахусус донишгоҳҳои ғайрирасмии ба ном исломиро  чанд сол қабл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк карда, пайваста таъкид мекарданд, ки  ақидаҳои бегонапарастӣ ба рӯҳу тафаккури миллати мо таъсири бад доранд.

Аз ҷумла,  мақсаду ғаразҳои нопоки рохбарону аъзои ҲНИТ-ро, ки ҷомеа аз хатару таъсири зишти он ба бадбахтиҳо дучор гаштааст,  наметавон аз ёд бурд.

Махсусан маврид ба ёдоварист, ки дастпарвари ҳизб ва ё шахси эътимодноки ҳизби мазкур  Ҳалим Назарзода новобаста аз он ки дар гузашта дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин даст дошт, роҳбарияти олии  мамлакат ба хотири сулҳу ваҳдати миллӣ, иттиҳоду ҳамдилии миллати тоҷик кирдорҳои ҷиноятии   ӯро авф кард, ба ӯ мансабҳои баланди  ҳарбӣ, бахусус то мансаби муовини вазири мудофиаи кишвар ва ҳатто рутбаи олии генерал-майорро сазовор донист, то ки ӯ аз муҳити ҷинояткорию ақидаҳои бегонапарастӣ раҳо гашта, ба ҳаёти хуш ва ободсозии диёри худ баргардад. Вале, чуноне халқ мегӯяд: «Оқибат гургзода гург шавад». Рутбаи олии ҳарбӣ, мансаби баланд, дороию сарват, муҳити осоишта, ҳамдилию пешрафт ва рӯзгори хуши ин Ватан барои Ҳалим Назарзода ва хоҷагони хориҷии ӯ ҳеҷ писанд набудааст.

Чуноне шаҳрвандони кишвари мо огаҳанд, 4 сентябри соли 2015 Ҳалим Назарзода бо мақсади амалисозии ғаразҳои нопоки хоҷагони хориҷии худ мехост  ба мафкураи  миллати тоҷик фарҳанг, расму оин ва ақидаҳои бегонагонро маҷбуран ҷо кунад. Ӯ бо ҷалби шумораи зиёди ҳаммаслакони худ бар зидди зодгоҳу диёри худ ба ҷинояти хеле ноҷавонмардонаю хоинона ва мусаллаҳона- хиёнат ба Ватан  даст зад. Кӯшиши табаддулоти давлатии Ҳалим Назарзода шикаст хӯрд, вале  боиси ба ҳалокат расидани шумораи зиёди шаҳрвандон ва кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти корҳои дохилӣ гардид ва ба буҷети давлат низ  зарари калони молӣ расид.  Хушбахтона, ин амали таҷовузгарона бо талоши фарзандони далеру шуҷои Ватан сари вақт пешгирӣ карда, Ҳалим Назарзода бо ҳаммаслакони худ пурра безарар гардонида шуданд.

Нишондоди ин гурӯҳи ҷиноятпешаи хатарнок бори дигар собит кард, ки дар ҳама далелҳои ҷиноят бевосита Назарзода Ҳалим Мирзо ва хоҷагони ҳориҷии  ӯ барои  ноором кардани муҳити осоиштаи диёри мо хеле талош  доштаанд.

Акнун то чи андоза таъсиру хатар доштани таълимдидагони донишгоҳҳои ғайрирасмӣ, ки аъзои ин гурӯҳи муташккили террористӣ бевосита аз чунин донишгоҳҳои ба ном исломӣ таълим гирифтаанд, бароямон ошкору равшан гашт. Маълум гардид, ки дастурдиҳандагону сарпарастони молияшон аз куҷо ва киҳо будаанд.

Дастгир гардидани аъзои ин гурӯҳи мусаллаҳи хатарнок (ба истиснои як-ду нафар, ки макони зист ва паноҳгоҳи онҳо низ муайян аст ва рӯзи дастгир шудани онҳо низ дур нест, инчунин баъзе аз инҳо бо содир кардани дигар ҷиноятҳо ба муҳлатҳои тӯлонӣ ҳоло адои ҷазо доранд) воқеан ҳам ҷомеаро аз даҳшат ва дигар хатарҳои эҳтимолӣ наҷот дод.

Маркази матбуоти

Вазорати корҳои дохилии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 9, 2017 12:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Вобаста ба вазъияти фавқулода, низоъҳо ва ҳамоҳангии иҷтимоӣ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо фаъолияти Департаменти адлияи Ирландия шинос шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир шуд
Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки гурӯҳҳои корӣ ҷаласа баргузор шуд
Прокуратураи генералӣ: «Худ ва наздиконатонро аз ҳамлаҳои хакерӣ эмин нигоҳ доред!»
Дар шаҳри Москва бо афсарону курсантони тоҷик вохӯрӣ доир шуд
Ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Ҷаласаи мушовараи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид
Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши идона доир гардид
САВГАНДИ ҲАРБӢ. Дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ маросими қасамёдкунӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҳиндустон мулоқот намуд