Зуҳро Бурҳонова барои гузаронидани маъракаи қудоталбон панҷ ҳазор сомонӣ ҷарима карда шуд
ФАЙЗОБОД, 14.08.2017. /АМИТ «Ховар»/. Суди ноҳияи Файзобод сокини ҷамоати деҳоти Қалъаи дашти ноҳия Зуҳро Бурҳоноваро барои гузаронидани маъракаи қудоталбон дар асоси моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ба ӯ ба андозаи сад нишондиҳанда, баробар ба панҷ ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима таъйин намуд. Дар ин бора судяи Суди ноҳияи Файзобод Файзулло Мирзозода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Номбурда ба серфарзандиаш нигоҳ накарда, 13 майи соли равон дар манзили истиқоматиаш бо иштироки зиёда аз 30 нафар меҳмонон бо додани ду таъом маъракаи қудоталбон гузаронидааст, ки ин кирдораш талаботи моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро вайрон намудааст.
Тибқи талаботи сархати дуюми моддаи 10-и ин қонун ташкили маъракаҳои фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, тақдими сарупо барои меҳмонони тарафайн ва хешу табори домоду арӯс ба истиснои тақдими туҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо манъ аст.