88-умин мавсими театрӣ дар Тоҷикистон ба 60- солагии фаъолияти Ҳошим Гадоев бахшида шуд

Сентябрь 6, 2017 10:20

ДУШАНБЕ, 06.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бегоҳии дирӯз дар назди Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо садои карнаю сурнай, рақсу бозии ҳунармандон ва иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе, илму адаб ва мухлисони зиёди саҳнаи театри тоҷик маросими кушодашавии 88-умин мавсими театрӣ баргузор гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар толори якуми театр аксҳо аз нақшҳои офарида ва китобҳои таълифнамудаи Ҳошим Гадоев ба намоиш гузошта шуда буд, ки бинандагон аз он илҳоми тоза гирифтанд. Ин аксҳо бозгӯкунандаи 60 соли фаъолияти эҷодии ин ҳунарманди маҳбуби Тоҷикистон буданд.

«Барномаи фарҳангии мазкур ба 26–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 60-солагии фаъолияти эҷодии Арбоби ҳунари Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, дорандаи ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон, профессор Ҳошим Гадоев бахшида шуд»,-иброз дошт муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машраб.

Аҳли толор бо кафкӯбиҳои пурмавҷи худ санъаткорон ва ҳунармандонро истиқбол гирифта, порчаҳоро аз филмҳое, ки дар онҳо Ҳошим Гадоев нақш офаридааст, ба монанди «Зане аз диёри дур»,  «Рустам ва Суҳроб», «Нури гулханҳои хомӯшшуда», «Сарҳади давлатӣ» ва «Шоҳ Эдип» тамошо карданд.

Саҳнаҳое, ки пешкаши тамошобинон гардиданд, аз фаъолияти эҷодии Ҳошим Гадоев гирифта шуда, дар нақшҳо ҳунармандони театрҳои шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа ҳунарнамоӣ карданд.

Тавре  Нависандаи халқии Тоҷикистон Бароти Абдураҳмон иброз дошт, «Ҳошим Гадоев ҳунарманди нотакрор, аз бозёфтҳои нодири театри тоҷик аст, ки нақшҳои тоза, қаҳрамонҳои безаволро офарида, бо ин  дар дили мухлисони худ ҷой гирифтааст. Ӯ беҳтарин ҳунарманди фоҷианигор буда, аз нисф зиёди умрашро дар саҳнаи театр паси сар кардааст, дар бозиҳои пасипардагии театр навгониҳои зиёд ворид ва ҳамеша зиндагиву ҳунармандиро тавъам кардааст».

Ҳошим Гадоев  устоди садҳо ҳунармандони маъруфи  саҳнаи тоҷик   буда, тӯли фаъолияти қариб 60-солаи худ дар саҳнаи  театр ва  кино беш аз 100 нақш офаридааст. Ӯ дар ин муддат  зиёда аз 40 намоиши хурду калон ба саҳна гузошта, муаллифи   чандин китобу мақолаҳо  мебошад.

Сентябрь 6, 2017 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд