Агентии обуҳавошиносӣ: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок ва боронӣ пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 13.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, то охири ҳафта дар кишвар ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани боронҳои кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мегардад. Ҳарорати ҳаво дар шимолу шарқи ҷумҳурӣ номуътадил гашта, баландшавии ҳарорат дар ин мавзеъҳо дар назар аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ин Агентӣ хабар доданд.
Ба гуфтаи мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ, ин гуна вазъи ҳаво то охири ҳафта боқӣ монда, дар умум дар фасли тирамоҳ ҳавои кишвар тағйирёбандаи хушк дар назар дошта шудааст.
Бино ба иттилои ин Агентӣ, аз 12 то 17 сентябр дар ноҳияҳои ҷануби кишвар ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар бештари ноҳияҳо боридани борон дар назар аст. Имрӯз ҳарорати ҳаво дар ин минтақа рӯзона ба 36 дараҷа мерасад. Ҳаво дар шимоли кишвар тағйирёбандаи абрнок гашта, гармӣ дар водиҳо шабона ба 13-18 ва рӯзона ба 30-35 дараҷа хоҳад расид.
Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш дар назар дошта шуда, дар ғарби ҳамин вилоят ҳавои тағйирёбанда ва то 2 дараҷа баланд гардидани ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат дар ғарби вилоят 26-31 ва дар шарқи он ба 14 — 19 дараҷа мерасад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ обуҳавошиносон ҳавои абрнок ва бебориш пешгӯӣ мекунанд. Инҷо дар водиҳо ҳарорат рӯзона ба 31-36 дараҷа мерасад.
Дар пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, баландшавии ҳарорат дар назар дошта шудааст. Рӯзона ҳарорат ба 35 дараҷа баробар хоҳад шуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






