Аъзои гурӯҳи таблиғотӣ дар Мурғоб қонуни миллиро тавзеҳ доданд
ДУШАНБЕ, 26.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи таблиғотӣ, ки аз намояндагони вазорату идораҳои гуногуни ҷумҳурӣ иборат буд, таҳти роҳбарии Фаридун Табаров, сардори шуъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тавзеҳи тағйиру иловаҳо ба яке аз қонунҳои миллии кишвар — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷамоатҳои деҳоти Аличор, Ғ. Бердибоев, Мурғоб, Рангкул, Тахтамиш ва Қарокули ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб бо аҳолӣ вохӯриҳо гузаронид.
Дар вохӯриҳо аъзои гурӯҳ оид ба заминаҳои таърихию иҷтимоӣ ва ҳадафҳои қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», моҳияти тағйиру иловаҳо ва нуктаҳои муҳими қонуни миллӣ, хусусан тартиби гузаронидани маросимҳои гуногун, бахусус тӯй ва азодорӣ сухан гуфта, ба саволҳои сокинони ин минтақаи дурдасти баландкӯх посух доданд.
Зикр шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолии кишвар таҳия ва қабул гардида, ҳадафаш баланд бардоштани некуаҳволии мардум ва дар ин замина дастрасӣ ба зиндагии шоиста мебошад.
Тибқи ворид намудани тағйиру иоваҳо ба қонуни миллӣ, дар Тоҷикистон гузаронидани маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бидуни забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон иҷозат дода шуда, гузаронидани маъракаи ақиқа манъ гардид.
Инчунин тибқи тағйиру иловаҳо ба қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, минбаъд сокинони Тоҷикистон дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбон дар оростани дастурхони идона ба зиёдаравию исрофкорӣ ва худнамоӣ роҳ надода, хони идонаи маънавии хоксорона меороянд. Ҳамзамон минбаъд хатнасур дар доираи оила ва бидуни хизматрасонии овозхонҳо гузаронида шуда, хатнаи кӯдак бо розигии волидайн аз санаи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббӣ ба таври ройгон гузаронида мешавад. Дар радифи дигар маъракаҳои манъшуда, дар Тоҷикистон минбаъд гузаронидани маъракаҳои ноншиканон, модарталбон, падарталбон, чодарканон, муборакбодӣ ва шаҳтоз (роҳбандон) манъ гардидааст.