Ба низом овардани расму ойин – ба низом овардани зиндагист

Сентябрь 19, 2017 11:11

ҚӮРҒОНТЕППА, 19.09.2017 /АМИТ «Ховар» /.  Бо мақсади ба мардум фаҳмонидани тағйиру иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» воридгардида дар «Кохи Ватан»-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо фаъолон ва сокинони шаҳр вохӯрӣ доир гардид.
Тавре  Умед  Мирзоев, котиби  матбуоти  раиси шаҳри Қӯрғонтеппа  иттилоъ  дод, дар вохӯрӣ  раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Абдуалим Исмоилзода, муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинашоҳ Вализода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Тағоймуродов, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилбар Муҳаммадшароф, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, омӯзгорон, имомхатибони масҷидҳо, раисони маҳаллаҳо ва сокинони шаҳр иштирок доштанд. Мудири  шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинашоҳ Вализода  моҳияти ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба қонуни мазкур шарҳ дод.

«Чанде пеш аз ҷониби Маркази исломшиносии Тоҷикистон китобчае бо номи «Тартиби азодорӣ ва таъзия»  бо теъдоди ним миллион нусха нашр гардидааст, ки он бояд ба омма дастрас карда шавад. Дар он тамоми маросимҳои азодорӣ бо шарҳу тафсираш оварда шудаанд»,- гуфт Одинашоҳ Вализода.

Дар мулоқот зикр шуд, ки дар зиндагӣ амалӣ намудани талаботи ин қонун аз оила оғоз ёфта, бояд миёни омма риоя гардад. Баъдан миёни гурӯҳи корӣ ва иштирокчиёни маҷлис пурсишу посух доир гардид.

Чунин  вохӯриҳо бо сокинон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 12 ва15, гимназияи хусусии «Аминҷон», коллеҷҳои аграрӣ ва омӯзгорӣ низ доир гардиданд.

Сентябрь 19, 2017 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Чаро маъракаҳои ҳоҷиталбон ҳолати худнамоишдиҳӣ гирифтаанд?
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани қонуни танзими анъана зиёд шудаанд
16 СОЛИ ПУР АЗ МАНФИАТ. Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳимияти он дар зиндагии сокинон
ТАНЗИМИ МАЪРАКАҲО — ОМИЛИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ. Таҳти ин унвон дар шаҳри Левакант бо сокинон мулоқот доир гардид
Дар Суғд доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ корҳои таблиғотӣ ва силсиламулоқот гузаронида шуданд
Дар Вазорати молия ҷиҳати татбиқи қонуни танзим ҷаласа доир шуд
Барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 358 парванда аз ҷониби судҳо баррасӣ гардид
Ҷаримаҳо барои риоя накардани талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим зиёд карда шуданд
Суди ноҳияи Файзобод Шобидин Табаровро барои риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷарима намуд
Дар 20 рӯз 9 ҳолати вайрон намудани муқаррароти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ба қайд гирифта шуд
Ба сокини шаҳри Турсунзода барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Точикистон» ҷарима таъйин гардид
Суди ноҳияи Файзобод: Суннат Гулов барои риоя накардани қонун ба маблағи 2750 сомонӣ ҷарима месупорад