БО ЧАШМУ ГӮШИ ДИЛ… 24 сентябр — Рӯзи байналмилалии ношунавоён

Сентябрь 24, 2017 08:06

«Ҳар як фарди ватандӯсти мамлакат бояд фаромӯш насозад, ки яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон- ин ҳифзу дастгирии табақаҳои ниёзманди мамлакат мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд аз тақдиру қисмат ва ҷараёни зиндагии шахсони барҷомонда, маризону бепарасторон ва хусусан фарзандони нуқсонҳои ҷисмонидошта дар канор набошем ва нагузорем, ки онҳо дар ҷомеа худро танҳо эҳсос кунанд».

Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 24.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар тамоми дунё ҷиҳати дастгирии шахсони имконияташон маҳдуд  чорабиниҳои гуногун баргузор мегарданд.   Бо  мақсади ҷалби бештари диққати аҳолии сайёра  аз соли 1951  инҷониб якшанбеи  охири моҳи сентябр Рӯзи байналмилалии ношунавоён таҷлил карда мешавад.  Имсол ин рӯз ба 24 сентябр рост омадааст.                        

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар самти беҳтар гардонидани вазъи зиндагони аҳолии кишвар  ва некуаҳолии онҳо,  бахусус шахсони имконияташон маҳдуд пайваста  тадбирҳои мақсаднок меандешад.

Роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии иттиҳодияи миллии ношунавоён Зебо Бидиева дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» зикр намуд, ки ношунавоёну нобиноён ва дигар ашхоси дорои навоқиси ҷисмонӣ он ғамхорию меҳрубониҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  нисбаташон зоҳир мекунанд, мебинанду мешунаванд ва шоду миннатпазиранд. Онҳо бо гӯшу чашми дил ин ҳамаро мебинанду мешунаванд».

Тавре Зебо Бидиева иброз намуд,  дар Тоҷикистон  бахшида ба  Рӯзи байналмилалии ношунавоён  чорабиниҳои гуногун    баргузор мегарданд. Баҳри дастгириву ҳалли мушкилоти ин гуна шахсон, инчунин  ҳимоя намудани забони имову ишора дар ҷумҳурӣ конференсияву вохӯриҳо гузаронида мешаванд.

«Ташкилоти мо аз соли 1941 инҷониб дар Тоҷикистон фаъолият карда, 5 ҳазор аъзо дорад.  Мақсади ташкилот  дастгирии шахсони дорои имконияти маҳдуд мебошад. Мо ба онҳо имконият медиҳем, ки аз ҳуқуқҳои худ бохабар бошанд ва ба онҳо забони имову ишораро меомӯзонем. Инчунин  дар ин раванд аз онҳо  мутахассиси тарҷумон тайёр карда,   онҳоро бо кор таъмин мекунем»,-иброз намуд Зебо Бидиева.

Дар мавриди сабабҳои ношунаво шудани одамон Зебо Бидиева гуфт, ки «аксарияти онҳо баъди ба бемориҳои гуногун дучор шудан ношунаво мешаванд. Яке аз сабабҳои дигараш  нуқсони модарзодӣ мебошад, ки чунин ҳолатҳо дар мо камтар дида мешаванд».

Dc82Зикр шуд, ки  дар Тоҷикистон якчанд мактаб-интернатҳои махсус барои кӯдакони ношунаво фаъолият мекунанд, ки дар онҳо  кӯдакони дорои чунин мушкилот   бо таълимоти махсус фаро гирифта шудаанд.   Аз ҷумла, Мактаб – интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ чандин сол боз дар ин самт фаъолияти чашмрас дорад.

Тибқи омори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мамлакат беш аз 30 ҳазор нафар шахсони ношунаво ба қайд гирифта шудаанд.

Дар Тоҷикистон солҳои охир баҳри омода намудани мутахассисони ин соҳа дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ дарсҳои махсуси сурдопедагогика ба роҳ монда шудаанд ва тавассути онҳо  мутахассисони ин соҳа омода карда мешаванд.

Устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ  Мадина Дадабоева чунин зикр намуд: «Дар назди Донишгоҳи мо факултаи психологияи таҳсилоти томактабӣ ва фарогир таъсис дода шудааст, ки дар омода кардани мутахассисони соҳаи сурдопедагогика ва рушди забони имову ишора мусоидат менамояд. Айни ҳол дар ин факулта 43 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Мо онҳоро ҳамчун мутахассис тайёр намуда, бо онҳо аз рӯи дастурҳои махсус  омӯзиш мегузаронем».

Бояд зикр намуд, ки солҳои охир қариб дар тамоми кишварҳои пешрафта ба забони имову ишора таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад ва дар қатори дигар забонҳо онро эътироф мекунанд. Дар кишвари мо низ масъулони соҳа саъю кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки ин забон рушди бештар ёбад ва онро расман эътироф намоянд. Эътирофи он ҳам ба нафъи ношунавоён ва ҳам ҷомеа мебошад.

 

Ибодат ДАВЛАТОВА,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 24, 2017 08:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Пойгоҳҳои базавии мустақил — барои корхонаю фабрикаҳо
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Кумитаи телевизион ва радио бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Ду сокини ноҳияи Ёвон барои риоя накардани қонуни танзим ҷарима карда шуданд
Дар Беморхонаи марказии шаҳри Кӯлоб хизматрасонии тиббӣ беҳтар мешавад
«ПЕШВОИ МАН-ИФТИХОРИ МАН». Дар Душанбе байни кӯдакони ятиму бепарастор озмун оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ҳунармандони Мастчоҳ соҳиби грантҳои раиси ноҳия шуданд
«НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ -ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМО». Дар Душанбе ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи роҳи оҳан доир шуд
«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон аксияи зимистона баргузор гардид
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Майотта бар асари тӯфони Чидо беш аз 20 нафар ҳалок гардид