БОЗИҲОИ ОСИЁ-2017: Манучеҳр Неъматов ба дастаи Тоҷикистон медали нуқра овард
ДУШАНБЕ, 20.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари ҷавони тоҷик Манучеҳр Неъматов дар 5-умин Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ аз намуди таэквондо-WTF медали нуқра ба даст овард.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Манучеҳр Неъматов дар даври муқаддамотӣ бар варзишгари Чин Хионгин Оуянг ғалаба кард. Баъдан варзишгари Филиппин Ҷенар Ториллосро мағлуб намуд. Дар даври чорякфинал бар варзишгари Қазоқистон Айтуар Шайкенов пирӯз шуд. Аммо дар финал аз варзишгари эронӣ Маҳдӣ Эҳсонӣ шикат хӯрд.
Манучеҳр Неъматов дастпарвари Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон буда, ояндаи дурахшон дорад. Ӯ таҳти назари мураббӣ Далер Фозилов тамрин мекунад. «Бозиҳои Ашқобод бароям пеш аз Бозиҳои Осиё-2018 таҷрибаи хуб мебошанд. Зимни иштирок рақибони эҳтимолиро омӯхта, ба мусобиқаҳои оянда омодагиро беҳтар мекунем»,- мегӯяд Манучеҳр.
Ёдовар мешавем, ки ин пирӯзии Манучеҳр Неъматовро Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳамзамон муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоистаи таҳсин ҳисобида, ӯро бо ин дастовард табрик гуфт.








«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд






