Дар Ҷумҳурии Қирғизистон Форуми байналмилалии омбудсменҳо доир гардид
ДУШАНБЕ, 13.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бишкек Форуми байналмилалии омбудсменҳо дар мавзӯи «Нақши омбудсменҳо дар такмили қонунгузории соҳаи ҳуқуқи инсон: интизориҳо ва дурнамо» баргузор гардид. Бо даъвати Омбудсмени Ҷумҳурии Қирғизистон дар форуми мазкур Аҳад Содиқов, сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар кори Форум омбудсменҳо ва намояндагони ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон аз давлатҳои Тоҷикистон, Австрия, Арманистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Литва, Молдова, Муғулистон, Россия, Туркия, Ӯзбекистон, Раиси Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, инчунин намояндагон аз созмонҳои байналмилалӣ, корпусҳои дипломатӣ, мақомоти давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон, ниҳодҳои академӣ ва кормандони Омбудсмени Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок намуданд.
Иштирокчиёни форум дар давоми се рӯз ҷанбаҳои гуногуни ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, аз ҷумла «Нақши Омбудсмен дар амалисозии ҳуқуқи шаҳрвандон ба интихобот», «Низоми пенитенсиарӣ: ислоҳот, аз нав ба ҷомеа воридкунии (ресотсиализатсия) маҳкумшудагон», «Ислоҳоти судӣ ва ҳуқуқи инсон» ва «Ҳуқуқи кӯдакон (зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон)»- ро мавриди баррасӣ қарор дода, аз натиҷаҳои кори Форуми байналмилалӣ эъломияи дахлдор қабул намуданд.
Дар доираи Форуми мазкур омбудсменҳо бо Раиси Парлумони (Жогорку кенеш) Ҷумҳурии Қирғизистон вохӯрии пурмуҳтаво доир намуданд. Вохӯрӣ дар фазои кушод ва ҳусни тафоҳуми тарафайн баргузор гардид.
Ҳамчунин омбудсменҳо ва намояндагони ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон аз давлатҳои Арманистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Муғулистон, Россия, Тоҷикистон, Туркия ва Ӯзбекистон тасмим гирифтанд, ки Иттиҳоди Авруосиёии Омбудсменҳо таъсис дода шавад.
Оид ба ҳадафҳои Форуми байналмилалӣ ва нақшаҳои якҷояи минбаъда омбудсменҳо барои рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ доир намуда, ба саволҳои онҳо ҷавобҳои муфассал пешниҳод намуданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






