Гурўҳи таблиғотӣ: «Ҳамагон бояд дар иҷрои қонуни миллӣ саҳмгузор бошем!»
ДУШАНБЕ, 15.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамагон бояд дар пешрафти ҷомеаи навин, дар рўҳияи хештаншиносию худогоҳии миллӣ тарбия намудани фарзандон, расидан ба қадри сулҳу осоиштагӣ ва роҳ надодан ба исрофкорӣ саҳмгузор бошем.
Ин суханон зимни мулоқоти гурўҳи таблиғотӣ ҷиҳати фаҳмонидани шарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар маҷлисгоҳи раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур бо иштироки кормандони ин ниҳод доир шуд, садо доданд.
Роҳбари гурўҳ – раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода доир ба моҳияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» изҳори назар карда, бештар ба баргузории тўйи хатнасур дар доираи оила, худнамоиву хурофотпарастии баъзе сокинон ва сарфаю сариштакорӣ таваҷҷуҳ намуд.
Раиси Кумитаи илму маориф, фарҳанг ва сиёсати давлатии ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Раҷабова дар бораи сатҳи зиндагии мардум дар тўли 26 соли Истиқлолияти давлатӣ сухан ронда, изҳори таассуф намуд, ки «то қабули қонуни мазкур мардум аксари маблағҳояшонро ба баргузории маросиму маъракаҳои оилавӣ сарф карда, ба исрофкорӣ роҳ медоданд. Вале дар муддати 10 соли қабули қонуни зикршуда дар ин самт сатҳу сифати зиндагии халқ хеле беҳтар гардид».