Гурўҳи таблиғотӣ ба сокинони Ҳамадонӣ зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни танзимро шарҳ дод

Сентябрь 19, 2017 14:36

ДУШАНБЕ, 19.09.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Ҳафтаи сипаригардида гурўҳҳои таблиғотӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ба шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ сафари корӣ анҷом доданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аъзои гурӯҳи таблиғотӣ, сармуҳаррири рўзномаи «Народная газета» Маҳбуба Камолова иттилоъ дод, гурӯҳи кории онҳо ба  ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон сафарбар карда шуда, аз 11 то 15 сентябр дар марказ ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи мазкур  вохӯрию ҷамъомадҳо баргузор намуд.

Аз ҷумла, дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва ҷамоатҳои деҳоти «Меҳнатобод»,   «Панҷоб», ба номи  С.Турдиев,  «Панҷрӯд», «Чубек»,  «Қаҳрамон», «Даштигуло»  бо раисони ҷамоатҳо, маҳаллаҳо, директорони мактабҳо, фаъолон ва сокинон вохўриҳо доир гардиданд.

Дар вохӯриҳо роҳбари гурўҳ ва аъзои он ба иштирокдорон оид ба нақши Пешвои миллат дар қабули қонуни мазкур, зарурат ва омилҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо, аҳамияти байналмилалии онҳо, танзими маросимҳои динӣ, тӯю маъракаҳо, маросимҳои азодорӣ, аз байн бурдани хурофотпарастӣ,  назорат аз болои толибилмон барои бо мошин наомадан ба дарс, риояи талаботи қонуни танзим  дар баргузории маросими ақиқа, хатнасур, кушодани суратҳисоб барои фарзандон, саховатмандӣ ба ятимон, ниёзмандон, пиронсолон, пос доштани арзишҳои миллӣ, хусусан ҳифз кардани забони давлатӣ ва либосҳои миллӣ, пешгирии омилҳои рў овардани занону бонувони тоҷик ба фарҳанги бегона, ба ҷавобгарӣ кашидани мансабдорон, намояндагони уламо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми роҳ додан ба вайрон намудани талаботи қонун сухан гуфтанд.

Сентябрь 19, 2017 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Чаро маъракаҳои ҳоҷиталбон ҳолати худнамоишдиҳӣ гирифтаанд?
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани қонуни танзими анъана зиёд шудаанд
16 СОЛИ ПУР АЗ МАНФИАТ. Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳимияти он дар зиндагии сокинон
ТАНЗИМИ МАЪРАКАҲО — ОМИЛИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ. Таҳти ин унвон дар шаҳри Левакант бо сокинон мулоқот доир гардид
Дар Суғд доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ корҳои таблиғотӣ ва силсиламулоқот гузаронида шуданд
Дар Вазорати молия ҷиҳати татбиқи қонуни танзим ҷаласа доир шуд
Барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 358 парванда аз ҷониби судҳо баррасӣ гардид
Ҷаримаҳо барои риоя накардани талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим зиёд карда шуданд
Суди ноҳияи Файзобод Шобидин Табаровро барои риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷарима намуд
Дар 20 рӯз 9 ҳолати вайрон намудани муқаррароти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ба қайд гирифта шуд
Ба сокини шаҳри Турсунзода барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Точикистон» ҷарима таъйин гардид
Суди ноҳияи Файзобод: Суннат Гулов барои риоя накардани қонун ба маблағи 2750 сомонӣ ҷарима месупорад