Кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеаи кишвар саҳми худро мегузоранд

Сентябрь 22, 2017 14:06

ДУШАНБЕ, 22.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарияти Вазорат, сардорони воҳидҳои сохторӣ, кормандон, инчунин сармутахассиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзигул Юсуфзода вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъомад доир гардид.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо Нуралӣ Шоқурбонов иттилоъ дод, дар ҷамъомад муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назризода зикр кард, ки мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми кишвар, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ мебошад. Кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдо ин тағйиру иловаҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.

Сармутахассиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзигул Юсуфзода моҳияти тағйиру иловаҳои воридшударо ба қонуни мазкур шарҳ дода, оид ба аҳамият ва паҳлўҳои мухталифи тағйиру иловаҳои воридгардида сухан гуфт.

Сентябрь 22, 2017 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Чаро маъракаҳои ҳоҷиталбон ҳолати худнамоишдиҳӣ гирифтаанд?
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани қонуни танзими анъана зиёд шудаанд
16 СОЛИ ПУР АЗ МАНФИАТ. Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳимияти он дар зиндагии сокинон
ТАНЗИМИ МАЪРАКАҲО — ОМИЛИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ. Таҳти ин унвон дар шаҳри Левакант бо сокинон мулоқот доир гардид
Дар Суғд доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ корҳои таблиғотӣ ва силсиламулоқот гузаронида шуданд
Дар Вазорати молия ҷиҳати татбиқи қонуни танзим ҷаласа доир шуд
Барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 358 парванда аз ҷониби судҳо баррасӣ гардид
Ҷаримаҳо барои риоя накардани талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим зиёд карда шуданд
Суди ноҳияи Файзобод Шобидин Табаровро барои риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷарима намуд
Дар 20 рӯз 9 ҳолати вайрон намудани муқаррароти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ба қайд гирифта шуд
Ба сокини шаҳри Турсунзода барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Точикистон» ҷарима таъйин гардид
Суди ноҳияи Файзобод: Суннат Гулов барои риоя накардани қонун ба маблағи 2750 сомонӣ ҷарима месупорад