Минбаъд тамоми маросимҳои дафну азодорӣ бар асоси «Тартиби маросими азодорӣ ва таъзия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида мешаванд

Сентябрь 19, 2017 15:52

ДУШАНБЕ, 19.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Шӯрои уламо рисолаи «Тартиби баргузории маросими азодорӣ ва таъзия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия карданд.

Рисолаи мазкур аз 9 боб иборат буда, минбаъд тамоми маросимҳои дафну азодорӣ бар асоси он гузаронида мешаванд. Дар саҳифаи аввали рисола омадааст, ки «он дар  Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташхиси давлатии диншиносӣ гузаштааст».

Мувофиқи он, маросими азодориву таъзия дар ҷумҳурӣ бояд тибқи шариати мазҳаби ҳанафӣ, анъана ва маросимҳои ҳамаи халқҳои маҳаллӣ ва халқиятҳои Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон, аз ҷумла қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон гузаронида шаванд.

«Тартиби маросими азодорӣ ва таъзия» тамоми амалҳо- аз лаҳзаи вафоти шахс то маросимҳои азодории ӯро дарбар мегирад. Мувофиқи тартиби нав, минбаъд дар маросимҳои дафн дод гуфтан, навҳа кашидан, хок бар сар задан, фиғон бардоштан, мӯйканию рӯйканӣ кардан ва овозхон (навҳагар) овардан манъ аст. Наздикони шахси вафоткарда танҳо ҳақ доранд гиря намоянд.

Инчунин ҳаққи қабрканон ва мурдашӯйро соҳиби маййит дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори дар маҳалҳо муайяншуда пардохт мекунад.

Тартиби нав ҳамчунин муқаррар мекунад, ки «шабона ҳеҷ кас дар хонаи мурдадор, ба истиснои фарзандон ва хешу табори наздик ҳуқуқи истодан надорад. Тибқи урфу одати мардуми кишвар дар маросими азо пӯшидани либоси сиёҳ манъ аст».

Инчунин занҳо ҳаққи ба ҷанозагоҳ ё қабристон рафтан надоранд.

«Баргузор кардани салоти ҷаноза тибқи мазҳаби ҳанафӣ бе маҳ¬ду-дияти шумораи иштирокчиён сурат мегирад. Намози ҷанозаро сархатиб, имомхатиб, имомхатиби масҷиди панҷвақта бо тартибе, ки мазҳаби ҳанафӣ муқаррар намудааст, мехонад», — омадааст дар тартиби нави азодорӣ.

Илова бар ин дар китобча тарзи пӯшидани либос дар маросими азодорӣ дастур дода мешавад. Шахсоне, ки тартиби мазкурро риоя намекунанд, тибқи талаботи мақоми ваколатдор ба онҳо муҷозот муайян мегардад.

«Тартиби мазкур мувофиқи аҳкоми шариат, мутобиқи фармудаҳои мазҳаби ҳанафӣ ва урфу одатҳои миллӣ барои ҳар фарди мусулмон пешниҳод шуда, иҷро гардидани он зарур ва амри воқеӣ мебошад»,- гуфта мешавад дар анҷоми матни дастур.

Тартиби маросими азодорӣ ва таъзия дар ҳоле ба нашр расидааст,  ки бар асоси тағйироти охир ба қонуни танзим тамоми маросимҳои азодорӣ дар кишвар бояд бидуни забҳи чорво гузаронида шаванд.

Тавре дар Маркази исломшиносии Тоҷикистон иброз намуданд, рисолаи «Тартиби азодорӣ ва таъзия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  бо теъдоди 500 ҳазор нусха нашр гардидааст, ки он бояд ба омма дастрас карда шавад. Дар он тамоми маросимҳои азодорӣ бо шарҳу тафсираш оварда шудаанд.

Сентябрь 19, 2017 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Чаро маъракаҳои ҳоҷиталбон ҳолати худнамоишдиҳӣ гирифтаанд?
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани қонуни танзими анъана зиёд шудаанд
16 СОЛИ ПУР АЗ МАНФИАТ. Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳимияти он дар зиндагии сокинон
ТАНЗИМИ МАЪРАКАҲО — ОМИЛИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ. Таҳти ин унвон дар шаҳри Левакант бо сокинон мулоқот доир гардид
Дар Суғд доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ корҳои таблиғотӣ ва силсиламулоқот гузаронида шуданд
Дар Вазорати молия ҷиҳати татбиқи қонуни танзим ҷаласа доир шуд
Барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 358 парванда аз ҷониби судҳо баррасӣ гардид
Ҷаримаҳо барои риоя накардани талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим зиёд карда шуданд
Суди ноҳияи Файзобод Шобидин Табаровро барои риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷарима намуд
Дар 20 рӯз 9 ҳолати вайрон намудани муқаррароти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ба қайд гирифта шуд
Ба сокини шаҳри Турсунзода барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Точикистон» ҷарима таъйин гардид
Суди ноҳияи Файзобод: Суннат Гулов барои риоя накардани қонун ба маблағи 2750 сомонӣ ҷарима месупорад