Қонуни танзим – иқдоми бузург барои рушди ҷомеа

Сентябрь 28, 2017 14:34

ДУШАНБЕ, 28.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз қабули  Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар  бораи  танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» даҳ сол  сипарӣ гардид.

Қабули ин қонунро котиби  илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи  ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ Нусратулло ЗОКИРОВ, номзади илмҳои фалсафа дар шароити ҳозира, ки ҷомеаҳои муосирро буҳронҳои  шадиди иқтисодӣ фаро гирифтаанд, баҳри  беҳдошт ва баланд бардоштани  сатҳи  некуаҳволии   шаҳрвандон ва гирифтани  пеши  роҳи камбизоатӣ як иқдоми саривақтӣ ва муҳим мешуморад. Маҳз қабули ин қонун, — мегӯяд ӯ, —  дастгирии ҷиддӣ барои шаҳрвандон ҷиҳати пешгирӣ аз исрофкорӣ ва хароҷоти бемаънӣ  мебошад.

Бояд зикр намуд, ки ҷашну маросимҳо ва анъанаҳо аз насл ба насл омадаанд ва онҳо дар ҳаёти ҳаррўзаи мо ҳамчун омилҳои зарурии иҷтимоӣ зуҳур намудаанд. Аксари ҷашну маросимҳо баёнгари арзишҳо ва асолатҳои фарҳангии мо бошанд ҳам, вале онҳоро ба як низоми муайян даровардан ва тибқи талаботи замони муосир амал намудан хеле зарур аст.

Қабул гардидани қонуни танзим иқдоми бузург ва роҳи башардўстона баҳри ҳифзи вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва  маънавии ҷомеа буда, пеш аз ҳама, баҳри барқарор гардидани  адолати иҷтимоӣ равона гардидааст. Таҷрибаи  даҳсолаи Қонуни  танзим  нишон  дод,  ки  дар  ҷомеа сатҳи  маърифатнокии   мардум   нисбат ба   расму   оинҳо  баланд  гардид,  аҳли  ҷомеа хурофотро  аз   маросимҳои   воқеан   муҳими   милливу  динӣ  фарқ  намуд, як муҳити воқеан равонии баробарӣ дар   миёни  қишрҳои  гуногуни ҷомеа барқарор гардид. Ҳамзамон   дар  ин   муддат як раванди омили  тарбиявӣ доштани қонун падид омад,  ки  метавонад кирдорҳои номатлуби худнамоӣ ва  зоҳирпарастиро  аз   байн  барад.

Бо талаботи  замон ва  дар сурати амалкарди  ин  қонун зарурат барои   илова   намудани  баъзе   тағйиру   иловаҳо  ба вуҷуд омад.

Воқеияти  зиндагии  солҳои  охир  ва   таъсири  буҳрони  шадиди  иқтисодии  ҷаҳонӣ ба  он  оварда   расонд,  ки   баргузории  чунин   маъракаҳои  серхароҷот ба  вазъи иҷтимоӣ  ва  иқтисодии   шаҳрвандони  кишвар   таъсири   манфӣ  мерасонад. Аз  ин  рў,  Ҳукумати кишвар зарур  донист,  ки  барои   дастгирии  вазъи  иқтисодӣ,  иҷтимоӣ  ва   маънавии  шаҳрвандон  тағйиру иловаҳоро  ба   қонуни  танзим   ворид  намояд.

Ҳамин  тариқ   бояд зикр  намуд,  ки  амали   қонуни танзим ва   қабули тағйиру  иловаҳо  ба  он  водор   менамояд, ки маблағҳое,  ки  дар  маросиму   маъракаҳои  “миёншикан”   тўли  солҳои  зиёд  ба   амал   бароварда   мешуданд,  акнун он   маблағҳо   барои  беҳдошти  саломатӣ,  таҳсили  фарзандон  ва шароити  хуби  оилаҳо  равона   карда  мешаванд. Маблағҳое,  ки  барои  тўю  сурҳои  бодабдабаи  навхонадорон  сарф  мегардид,  акнун  барои  ҳаёти  солими арўсу  домод,  вазъи  саломатии  навхонадарон  сарф   карда   мешаванд. Акнун барои  таълиму тарбияи  фарзандон, волидон  метавонанд  аз ҳисоби  маъракаҳои  серхароҷот дар  бонкҳо  суратҳисобҳои  махсус кушоянд.

Бояд  зикр   кард,  ки  қабул   гардидани   тағйиру  иловаҳо  ба  қонуни  мазкур  ҷаҳиши  бузурге  барои  гузарондани  ислоҳоти  калон   дар ҳаёти  иҷтимоии ҳар  як   шаҳрванди  ҷумҳурӣ  мегардад. Ҳар  сокини мамлакат акнун  воқеиятро дарк  намуда,  маросими воқеан  миллӣ  ва  диниро  мешиносад  ва   аз  хурофотпарастиву  зоҳирпарастӣ  худро  дар  канор  мегирад. Ин  қонун  барои  таҳкими  фарҳанги  худшиносии   мардум  мусоидат  менамоянд.

Имрўз  дар   шароити ҳассоси  ҷаҳонишавӣ,  ҳар  як  падару   модар  бояд  аз  вазъи  имрӯзаи ҷаҳони  муосир  огоҳ  бошад. Яке  аз  вазифаҳои  асосии  оила ҳамчун  ниҳоди  иҷтимоӣ  дар ҷомеа   таъмини  насли  солим,  бофарҳанг ва   тарбиятдида  мебошад. Дар  шароити  кунунӣ ба  даст  овардани  насли  созанда   бе таъмини  воқеии вазъи   дурусти  иқтисодӣ,  иҷтимоӣ  ва  маънавӣ  муяссар  нахоҳад  гардид.

Иҷрои  қонуни  мазкур   масъулини  соҳа   ва   аҳли ҷомеаро ба  он водор   мекунад, ки  нисбат ба  татбиқи он  пурмасъулият бошанд. Чунки  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни  миллӣ  ба  нафъи  ҷомеа  буда,  баҳри  рушди он   мусоидат  менамояд.

Аз ин рў, баҳри  қавӣ  гардидани  татбиқи  қонуни  мазкур бояд раванди  иҷро  ва   амалисозии  бандҳои  қонун пурзўр  ва фаъолияти комиссияҳои  амалкунандаи  корхонаҳову  муассисаҳо  ҷоннок  карда шавад. Ҷиҳати  баланд   бардоштани  фарҳанги каммасраф ва  дар  доираи  қонун  гузарондани  маъракаҳо бояд корҳои таблиғотӣ-фаҳмондадиҳӣ бурда шаванд.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд: «… то расму ойин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаю зиёдатии мардумро аз байн набарем, бо қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем».

Сентябрь 28, 2017 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Чаро маъракаҳои ҳоҷиталбон ҳолати худнамоишдиҳӣ гирифтаанд?
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани қонуни танзими анъана зиёд шудаанд
16 СОЛИ ПУР АЗ МАНФИАТ. Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳимияти он дар зиндагии сокинон
ТАНЗИМИ МАЪРАКАҲО — ОМИЛИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ. Таҳти ин унвон дар шаҳри Левакант бо сокинон мулоқот доир гардид
Дар Суғд доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ корҳои таблиғотӣ ва силсиламулоқот гузаронида шуданд
Дар Вазорати молия ҷиҳати татбиқи қонуни танзим ҷаласа доир шуд
Барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 358 парванда аз ҷониби судҳо баррасӣ гардид
Ҷаримаҳо барои риоя накардани талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим зиёд карда шуданд
Суди ноҳияи Файзобод Шобидин Табаровро барои риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷарима намуд
Дар 20 рӯз 9 ҳолати вайрон намудани муқаррароти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ба қайд гирифта шуд
Ба сокини шаҳри Турсунзода барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Точикистон» ҷарима таъйин гардид
Суди ноҳияи Файзобод: Суннат Гулов барои риоя накардани қонун ба маблағи 2750 сомонӣ ҷарима месупорад