Қонуни танзим тавонист барои камхарҷ гузаронидани тӯю маъракаҳо роҳнамо шавад
ДУШАНБЕ, 15.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Раёсати ҷавонон ва варзиши шаҳр дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, инчунин мактаби таҳсилоти умумии №19 ва маҳаллаи «Саноат»-и шаҳри Душанбе оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» чанд вохӯрӣ баргузор намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати маводи нашъаовар хабар доданд, намояндагони гурӯҳи таблиғотӣ дар бораи моҳият ва нуктаҳои муҳими Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан гуфта, таъкид намуданд, ки қонуни миллӣ тавонист дар даҳ соли амали худ то андозаи муайян дар зиндагии мардум сарфакориро ҷорӣ намуда, дар самти камхарҷ баргузор кардани тӯю маъракаҳо роҳнамо шавад.
Дар мулоқот зикр шуд, ки ҳадафи асосии тағйиру иловаҳо ба Қонуни танзим, пеш аз ҳама, пешгирии зиёдаравӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва муҳайё намудани зиндагии шоиста барои онҳо мебошад.
Ба ҳозирин ҷузъиёт ва банду моддаҳое, ки ба онҳо тағйиру иловаҳо ворид шудаанд, ба таври мушаххас шарҳ дода шуд.
Дар мулоқот масъалаҳои риояи фарҳанги либоспӯшӣ дар тӯю маросимҳои миллӣ, тақлид ба фарҳанги бегона, ба зиёдаравӣ роҳ надодани масъулин ҳангоми иҷрои корҳои вазифавӣ барои риояи қонуни зикршуда ва тарғиби унсурҳои фарҳанги миллати тоҷик муҳокима гардиданд.