“ПАРВОЗИ ОРЗУ”. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҳти ин ном кӯдакистони хусусӣ ба истифода дода шуд
ХУҶАНД, 07.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. 6 сентябри соли равон дар Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кӯдакистони хусусӣ бо номи «Парвози орзу» ба истифода дода шуд.
Тавре масъулини маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иттилоъ доданд, муассисаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Сӯҳроб Маҳмудов бунёд ёфта, дорои тамоми шароити муосир мебошад.
Муассисаи томактабӣ барои 150 нафар кӯдак пешбинӣ гардида, ҳамзамон беш аз 20 нафар дар он бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Раиси вилоят ифтитоҳи ин кӯдакистонро туҳфаи арзанда ба пешвози ҷашни Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ намуда, баён дошт, ки имрӯзҳо дар саросари Тоҷикистон корҳои бунёдкорӣ бомаром идома доранд ва саҳми соҳибкорон дар ин раванд хеле назаррас аст.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






