Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Дар сурати обод кардани мамнӯъгоҳи «Даштиҷум» барои рушди сайёҳӣ имкониятҳои васеъ пайдо мегарданд»
ДУШАНБЕ, 13.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳифзи муҳити зист, агентиҳои хоҷагии ҷангал, беҳдошти замин ва обёрӣ ва Академияи илмҳои Тоҷикистон якҷо бо мақомоти дахлдори давлатӣ бо мақсади зиёд кардани саршумори ҳайвоноти нодир, ҳифзи онҳо аз шикори ғайриқонунӣ, вусъат додани корҳои илмиву таҳқиқотӣ оид ба омӯзиши экосистемаи табиӣ вазифадор гардиданд, ки лоиҳаи рушди минбаъдаи мамнӯъгоҳи «Даштиҷум»-ро, ки дар масоҳати қариб 20 ҳазор гектар дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин таъсис дода шудааст, ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд.
Ин тасмим имрӯз аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарон ва сокинони ноҳия бо мақсади зиёд кардани саршумори ҳайвоноти нодир, ҳифзи онҳо аз шикори ғайриқонунӣ, вусъат додани корҳои илмиву таҳқиқотӣ оид ба омӯзиши экосистемаи табиӣ гирифта шуд.
Сарвари давлат зикр намуданд, ки дар ҳудуди мамнӯъгоҳ намудҳои нодири ҳайвонот ва парандаву наботот, ки қисми зиёди онҳо ба «Китоби Сурх» ва рӯйхати ҳайвоноти нодири Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат шомил мебошанд, мавҷуданд ва дар сурати муҳайё намудани инфрасохтори сайёҳӣ ва обод кардани он барои рушди сайёҳӣ имкониятҳои васеъ пайдо гардида, ҳам барои буҷети ноҳия ва ҳам барои сокинон манбаи иловагии даромад ва ҷойҳои нави корӣ муҳайё хоҳанд шуд.
Президенти мамлакат дар идомаи суханронӣ зарур шумориданд, ки тавассути ҷалби маблағҳои буҷетӣ ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ ба ин масъала аҳамияти махсус дода шавад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






