Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи халқи тоҷик нодиртарин падидаи сиёсиву сарнавиштсоз мебошад»

Сентябрь 8, 2017 15:03

ДУШАНБЕ, 8.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Фардо мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни муқаддасу мубораки бистушашумин солгарди Истиқлолияти давлатиро бо шукӯҳу тантанаи хосса таҷлил мекунанд. Бахшида ба ин муносибат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли сокинони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиро самимона шодбош гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо саодату хушбахтӣ ва дар роҳи амалисозии нияту нақшаҳои некашон барору комёбӣ орзу намуданд.

Аз ҷумла, дар паёми табрикотии Пешвои миллат омадааст: «Дастовардҳои кишвари маҳбуби мо дар ин фосилаи кӯтоҳи таърихӣ шаҳодати равшани он аст, ки халқи мо бо ҳиммати баланди созандагиву фарҳангпарварӣ ва инсондӯстиву таҳаммулгароӣ ҳама гуна мушкилотро паси сар намуда, ҳамеша ба сӯи пешрафт ва ба хотири ободиву тараққиёт саъю талош мекунад».

Роҳбари давлати тоҷикон дар паёми табрикотӣ Истиқлолияти давлатиро дар таърихи халқи тоҷик нодиртарин падидаи сиёсиву сарнавиштсоз арзёбӣ намуда, онро оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории тоҷикон, марҳалаи тоза дар ташаккули тафаккур ва фалсафаи давлатдорӣ номидаанд.

«Мо дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ бо такя ба ҳастии таърихӣ, ақлу хирад ва иродаи қавии халқи худ тавонистем, ки оташи ҷанги дохилии таҳмилиро фурӯ нишонда, парчами озодиву адолатро ба хотири ҳифзи асолату арзишҳои миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии халқамон устувор гардонем»,-зикр шудааст дар паём.

Ба андешаи Пешвои миллат, таърих баъд аз чанд садсола бори дигар ба миллати соҳибтамаддуни мо имконияти эҳё намудани суннатҳои аҷдодии давлатдориро фароҳам овард ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон номи давлати мустақилу соҳибихтиёри тоҷиконро сабт намуд.

Сентябрь 8, 2017 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад