Расму оин ва анъанаҳо дар рўзгори мардуми тоҷик мавқеи муҳим доранд

Сентябрь 6, 2017 17:25

ДУШАНБЕ, 06.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Анъана ва чашну маросимҳои миллӣ ҳамчун ҷузъи таркибии фарҳанги ҷомеа  зарурат ба назорати пайваста ва танзим дошта, рушди доимии онҳо дар доираи талаботи замон бояд таъмин гардад. Расму оин  ва анъанаҳо дар рўзгори мардуми тоҷик мавқеи муҳим дошта, баробари пешрафт ва рушду такомули ҷомеа ташаккул меёбанд.

Ба ин хотир 28 августи соли равон аз  ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расонида шуд. Мақсад аз қабули қонуни мазкур  ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва танзими суннатҳои диниву  мардумӣ мебошад.

Ба андешаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода, қонуни мазкур чун нахустин санади миллӣ дар таҷрибаи қонунбарории кишвар,  мардуми моро аз вартаи камбизоатӣ раҳо карда, дар зарфи даҳ сол самараи назаррас ба бор овард. «Ба ибораи дигар, қабули қонуни мазкур дар ҳаёти мардуми кишвар боиси таҳаввулоти фарҳангиву иҷтимоии куллӣ гардид. Он падидаҳои манфие, ки солҳои зиёд ҳамчун анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ зуҳур ёфта буданд, бо қабули ин қонун аз байн мераванд. Вале, мутаассифона,  бархе аз  занону духтарон ба ҷойи ҳимоя ва рушду тарғиби  фарҳанги миллии худ, баръакс, ба таблиғи фарҳанги бегона машғуланд»,-баён кард раиси Кумитаи кор бо занон ва оила.

Либоси милли11 Либоси милли

Идигул Қосимзода изҳор намуд, ки имрӯзҳо масъулини Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати аз байн бурдани одатҳои ногувори бегонапарастӣ дар байни занону духтарон суҳбатҳои инфиродӣ анҷом медиҳанд.   Ҳангоми чунин суҳбатҳо маълум мегардад, ки сабабҳои рӯ овардани иддае аз занону духтарони мо  ба либоси бегона, агар аз як тараф тақлидкорӣ, мӯд  ҳисобидани чунин  либосҳо ва зоҳирпарастии онҳо бошад, аз ҷониби дигар,  маҷбурсозии шавҳар, падару модар ва дигар аъзои оила, инчунин таъсири манфии фарҳанги бегона тавассути интернет,  тамошои кинофилмҳо ва дигар воситаҳо мебошанд».

Ба гуфти раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, ҳоло моро зарур аст ҳарчи бештар намунаҳои беҳтарин ва шинаму замонавии либосҳои миллиро миёни занону духтарон тарғиб намоем ва моҳияту  мазмуни ин либосҳоро фаҳмонем.

Бояд зикр намуд, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру  иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  амри воқеӣ буда, он нишонаи боз ҳам вусъат ёфтани ободиву шукуфоии ҷомеа ва паст гардидани сатҳи камбизоатӣ мебошад.

Сентябрь 6, 2017 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Чаро маъракаҳои ҳоҷиталбон ҳолати худнамоишдиҳӣ гирифтаанд?
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани қонуни танзими анъана зиёд шудаанд
16 СОЛИ ПУР АЗ МАНФИАТ. Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳимияти он дар зиндагии сокинон
ТАНЗИМИ МАЪРАКАҲО — ОМИЛИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ. Таҳти ин унвон дар шаҳри Левакант бо сокинон мулоқот доир гардид
Дар Суғд доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ корҳои таблиғотӣ ва силсиламулоқот гузаронида шуданд
Дар Вазорати молия ҷиҳати татбиқи қонуни танзим ҷаласа доир шуд
Барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 358 парванда аз ҷониби судҳо баррасӣ гардид
Ҷаримаҳо барои риоя накардани талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим зиёд карда шуданд
Суди ноҳияи Файзобод Шобидин Табаровро барои риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷарима намуд
Дар 20 рӯз 9 ҳолати вайрон намудани муқаррароти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ба қайд гирифта шуд
Ба сокини шаҳри Турсунзода барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Точикистон» ҷарима таъйин гардид
Суди ноҳияи Файзобод: Суннат Гулов барои риоя накардани қонун ба маблағи 2750 сомонӣ ҷарима месупорад