Шӯҳрат Ашуров барандаи Ҷоизаи Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба номи Борбад дар соҳаи мусиқӣ гардид

Сентябрь 18, 2017 16:10

ДУШАНБЕ, 18.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ мавсими 77-уми театрии худро бо супоридани Ҷоизаи  Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба номи Борбад дар соҳаи мусиқӣ ва  намоиши балети «Зол ва Рудоба» аз рўи достони «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ  оғоз намуд.

Тавре  аз  Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,   дар маросими мазкур  Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин  Орумбекзода, аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе ва дигар алоқамандони санъати касбӣ иштирок намуданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маросим Вазири фарханги Чумҳурии Тоҷикистон  аҳли эҷоди театрро бо мавсими нави театрӣ шодбош гуфта, зикр кард, ки «Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ дар ҳар мавсим бо таҳияи намоишҳои гуногуни баландмазмун, дастовардҳои эҷодӣ, кашфи падидаҳои нави ҳунарӣ хотири алоқамандони ҳунарро  болида гардонида, барои рушди минбаъдаи санъати театрӣ заминаҳои боэътимод фароҳам меоварад».

Сипас бо қарори Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон  композитори маъруфи тоҷик Шўҳрат Ашуров  (баъд аз вафот)  барандаи Ҷоизаи  Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба номи Борбад дар соҳаи мусиқӣ   эълон  гардид.

Шодравон Шӯҳрат Ашуров барои эҷоди операи бачагонаи «Чароғи сеҳрноки Аловиддин» ва нахустин балети композиторони тоҷик дар давраи соҳибистиқлолии кишвар –«Зол ва Рудоба» ба Ҷоизаи  мазкур   сазовор дониста шудааст.

Ҷоизаи ба номи Борбад ба фарзандони Шӯҳрат Ашуров супорида шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки нахустнамоиши балети «Зол ва Рудоба», ки аввалин балети тоҷикӣ аст, моҳи ноябри соли 2016 ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Намоиш чун падидаи нодири фарҳангӣ қалби ҳазорон нафар мухлисони санъати балетро тасхир намуд.

Хотиррасон  менамоем, ки Ҷоизаи  ба номи Борбад дар соҳаи мусиқӣ  аз соли 2004 бо  мақсади  рушди минбаъдаи санъати мусиқии касбӣ дар иртибот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷоизаҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон» таъсис  дода шудааст.

Сентябрь 18, 2017 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Мо ду ҷашни муқаддас ва бузург дорем, ки яке ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дигаре Наврӯз аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
Пешвои миллат: «Фарҳанги пурарзиши наврӯзӣ омили муҳимми сулҳу оромӣ ва ҳамзистии фарҳангу тамаддунҳо эътироф гардидааст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд