Шаҳраки навбунёди Яхчисор дар ноҳияи Дарвоз ба пазироии меҳмонон омода аст
ХОРУҒ, 13.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бунёди манзилҳои истиқоматӣ, биноҳои маъмурию маишӣ ва таълимию тандурустӣ дар шаҳраки Яхчисори ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз ба анҷом расид. Роҳи мошингард асфалтпӯш гардида, қад-қади роҳи пиёдагард гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуданд. Бисту як оила аз деҳаи Хостав, ки охири моҳи июли соли равон хонаҳояшон зери сел монд, ба ин шаҳраки навбунёд кӯч бастанд.
Сардори бахши ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз Расул Шокиров дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт, ки «сокинони аз офат зарардида бовар надоштанд, ки дар давоми бештар аз як моҳ бо тамоми инфрасохтори зарурӣ шаҳраки наве сохтан мумкин аст. Бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмату талошҳои шабонарӯзии ҷавонон қарори Ҳукумати кишвар дар як муддати хеле кӯтоҳ амалӣ шуд».
Дар канори шаҳрак бо кумаки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кӯдакону наврасон муассисаи таълимӣ сохта шуд, ки буҷаи лоиҳаи он зиёда аз 1 миллион сомониро ташкил дод.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






