ШСХК «Барқи Тоҷик»: нархи барқ дар мамлакат шуруъ аз 1 октябр тағйир меёбад
ДУШАНБЕ, 13.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Ширкати Саҳҳомии Холдингии Кушодаи (ШСХК) «Барқи Тоҷик» иттилоъ медиҳад, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарифҳои неруи барқ ва гармӣ» аз 29 августи соли ҷорӣ дар тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ тағйирот ворид карда шуд. Шуруъ аз рӯзи 1 октябри соли равон дар қаламрави кишвар нархи ҳар киловатт/соат неруи барқ барои тамоми категорияҳои истифодабарандагон ба ҳисоби миёна 15 фоиз зиёд гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти ин ширкат хабар доданд, баландшавии нарх барои аҳолӣ сатҳист. Пеш ин гурӯҳи истифодабарандагон барои ҳар кВт/соат 14,65 дирам маблағ пардохт менамуданд, акнун нархи ҳар киловатт/соат 16,85 дирамро ташкил медиҳад. Яъне, нархи ҳар киловатт/соат барои аҳолӣ ҳамагӣ 2,2 дирам боло бардошта шудааст.
Ба иттилои манбаъ, тағйироти нарх ба гурӯҳи камбизоати ҷомеа таъсир намерасонад, чунки маблағи онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн мегардад.
Хотиррасон менамоем, ки бо вуҷуди ин тағйирот, бино ба маълумоти Кумитаи омори ИДМ, имрӯз нархи қувваи барқ дар Тоҷикистон нисбат ба дигар давлатҳои узви ИДМ арзонтарин боқӣ мемонад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






