Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
ЁВОН, 07.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи “Чу-Чу”-и ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Ҳикматулло Муқимов бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон иттилоъ доданд, бинои мазкур аз 4 ҳуҷра иборат буда, дорои 4 ҷойи кори доимӣ мебошад ва ба зиёда аз 500 хоҷагӣ хизмати тиббӣ мерасонад.
Бунгоҳи тиббии деҳа бо маблағи зиёда аз 150 ҳазор сомонӣ бо тарҳи наву замонавӣ тариқи ҳашари умумии аҳолӣ сохта шуда, бо маблағгузории ҳукумати ноҳия дар ҳаҷми 30 ҳазор сомонӣ бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардид.
Ҳамза Раҳимов, сокини деҳаи мазкур гуфт, ки дар арафаи иди Истиқлолият орзуи деринаи сокинони ин деҳа амалӣ гардид.