ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 5 сентябр, сешанбе, 248-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 117 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
5 сентябри соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод агрегати якуми НБО Сангтӯда-2-ро ба истифода дода буданд.
***
10 сол қабл, 5 сентябри соли 2007 дар шаҳри Душанбе бизнес-форуми Тоҷикистону Булғористон баргузор гардида буд.
***
5 сентябри соли 2013 бо иштиоки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва адибони маъруфу машҳури кишвар дар ошёнаҳои аввали бинои бисёрошёнаи Маҷмааи истиқоматии «Пойтахт-80», ки дар хиёбони Рӯдакии пойтахт қарор дорад, бо номи “Ошёни дониш ва хизматрасонӣ” як фурӯшгоҳи бузурги китоб мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. .
***
Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи корхонаҳои истеҳсолии хизматрасонии соҳаҳои нақлиёт, гумрук ва полиграфия ва Маркази савдои «Пойтахт-90» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд, ки имрӯз дар ҳарду иншоот қариб 2 ҳазор нафар бо кори доимӣ таъмин
мебошанд.
5 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии миннатдорӣ.
***
Дар Ҳиндустон – Рӯзи муаллим.
РӮЙДОДҲО:
5 сентябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии илмии “Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ: донишманд ва мутафаккири Шарқ” ва намоишгоҳи V байналмилалии китоб, ки дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ доир гардид, суханронӣ карда буданд.
***
5 сентябри соли 1941 дар Хоруғ Осорхонаи вилоятии таърихӣ-кишваршиносӣ таъсис ёфтааст.
***
11 сол пеш аз ин, 5 сентябри соли 2006 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бахшида ба 15-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нашри махсуси маҷаллаи «Тоҷикистон- қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ» ба роҳ монда шуд.
***
5 сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе панҷумин намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор гардида буд.
***
Дар ин рӯзи соли 1950 дар Сурия конститутсияи сотсиалистӣ қабул гардидааст.
***
5 сентябри соли 1980 дар Швейтсария дарозтарин нақби мошингузари дунё, ки 16 километр аст, ифтитоҳ гардида буд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1945 дар музофоти Онтариои Канада аввалин маротиба реаксияи ядроӣ гузаронида шуд.
***
Соли 1958 дар ИМА ширкати «Ampex» аввалин видеомагнитофони рангаро пешниҳод кардааст.