ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 октябр, панҷшанбе, 281-умин рӯзи соли 2026 аст
8 октябри соли 2014 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон ифтитоҳ ёфт.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 Президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Алхалифа ба президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба хотири роҳхат гирифтани дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон-2019 дар Перу номаи табрикӣ ирсол намуд.
***
8 октябри соли 2019 дар шаҳри Москва ҷаласаи мушовараи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид.
***
8 октябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти нахустин мактаби байналмиллалии типи нав – «Мактаби Оксфорд» оғози расмӣ бахшиданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии Созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд оид ба лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии якчанд мактаби миёна, марҳилаи 5» баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 дар шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
8 октябри соли 2025 Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтироми баланд меҳмони олимақомро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
8 ОКТЯБР:
Рӯзи ҷаҳонии биноӣ.
***
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико- Рӯзи миллии кӯдакон.
РӮЙДОДҲО:
8 октябри соли 1818 англисҳо бори аввал дар бозии бокс аз дастпӯшакҳо истифода бурданд.
***
8 октябри соли 1926 бори нахуст дар ҷаҳон дар радио аз ҷараёни бозии футбол гузориш пахш гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 1973 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аввалин ҳабсхонаи занона кушода шуд.
***
8 октябри соли 2012 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар шаҳри Душанбе китоби Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти унвони «Султони заҳмат» бо забони тоҷикӣ аз чоп баромад.
***
13 сол пеш, 8 октябри соли 2013 дар маркази ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи «Авесто Арена» ба истифода дода шуд.
***
8 октябри соли 2014 дар Душанбе фестивал-симпозиуми байналмилалии «Фалак» баргузор гардид.
***
8 октябри соли 2022 ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 72-юми Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ иштирок намуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1925 Элен Ҷоэл нахустин зани англисе гардид, ки дар мусобиқаи аспдавонӣ ғолиб омад.
***
Соли 1967 дар Англия бори нахуст дастгоҳи муайянкунандаи машруботи спиртӣ дар бадани ронандагон мавриди истифода қарор дода шуд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Давлаталӣ Убайдуллоев— соли 1954— ҳунарпеша ва коргардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1997), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2011).








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 октябр, чоршанбе, 280-умин рӯзи соли 2026 аст






