ТАНЗИМ — БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Аҳамияти қабули тағйиру иловаҳо ва даъвати сокинон ба иҷрои бечунучарои муқаррароти қонуни миллӣ

Сентябрь 14, 2017 15:17

ДУШАНБЕ, 14.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Чандест, ки вохӯриҳои гурӯҳҳои таблиғотӣ ҷиҳати ба мардум расонидани аҳамият ва ҳадафҳои қабули тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо сокинони пойтахт идома доранд. Чунин вохӯрии судманд дар маҳаллаҳои Шодӣ, Шоҳмансур 1 ва 2-и ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид.

Роҳбари гурӯҳи таблиғотӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода моҳият ва нишондодҳои омории 10 соли амали қонуни миллии танзимро бо овардани асноду далелҳои мушаххас ба ҳозирин шарҳ дод.

Вохӯриҳои гурӯҳҳои таблиғотӣ ҷиҳати ба мардум расонидани аҳамият ва ҳадафҳои қабули тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳром  Абдуалимов  ба масоили баргузории тӯйи домодию арӯсӣ, хатнасур ва дигар маросимҳои миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир  карда, нақши тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти аҳолӣ амиқ арзёбӣ кард.

Ҳамчунин Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Дилрабо Мансурӣ атрофи муқаррароти Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳолатҳои гуногуни садамавӣ, зиёд шудани ҷаримаҳо ҳангоми бе ҳуҷҷати ронандагӣ ва мастӣ идора кардани воситаи нақлиёт ибрози назар намуд.

Роҳбари гурӯҳи таблиғотӣ, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода аз сокинони ноҳияи Шоҳмансур даъват ба амал овард, ки дар иҷрои бечунучарои муқаррароти қонунҳои мазкур саҳмгузор бошанд.

Сентябрь 14, 2017 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Чаро маъракаҳои ҳоҷиталбон ҳолати худнамоишдиҳӣ гирифтаанд?
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани қонуни танзими анъана зиёд шудаанд
16 СОЛИ ПУР АЗ МАНФИАТ. Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳимияти он дар зиндагии сокинон
ТАНЗИМИ МАЪРАКАҲО — ОМИЛИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ. Таҳти ин унвон дар шаҳри Левакант бо сокинон мулоқот доир гардид
Дар Суғд доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ корҳои таблиғотӣ ва силсиламулоқот гузаронида шуданд
Дар Вазорати молия ҷиҳати татбиқи қонуни танзим ҷаласа доир шуд
Барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 358 парванда аз ҷониби судҳо баррасӣ гардид
Ҷаримаҳо барои риоя накардани талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим зиёд карда шуданд
Суди ноҳияи Файзобод Шобидин Табаровро барои риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷарима намуд
Дар 20 рӯз 9 ҳолати вайрон намудани муқаррароти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ба қайд гирифта шуд
Ба сокини шаҳри Турсунзода барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Точикистон» ҷарима таъйин гардид
Суди ноҳияи Файзобод: Суннат Гулов барои риоя накардани қонун ба маблағи 2750 сомонӣ ҷарима месупорад