Танзими анъана ва ҷашну маросим ба зиндагии мардум баракат меафзояд

Сентябрь 18, 2017 17:20

ДУШАНБЕ, 18.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон мулоқоти роҳбарияти донишкада бо устодону кормандон ва донишҷўён ҷиҳати шарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳо доир гардид.

Ректори донишкада Қудрат Давлатзода зикр намуд, ки «воқеан ҳам Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» санади саривақтӣ буда, мақсади асосии он коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум аст. Дар давоми 10 соли амали қонун он натиҷаҳои мусбат ба бор овард. Қонуни мазкур  барои сарфакоронаю самаранок истифода бурдани маблағу даромадҳои мардум роҳнамоӣ мекунад.  Масалан ба ҷои хароҷоти барзиёд беҳтар аст, он маблағҳоро барои бунёди манзил ва таҳсили фарзандон сарф намоем».

Иштирокдорони ҷамъомад дар бораи самтҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии тағйиру иловаҳои ба қонун воридгардида сухан гуфтанд.

Сентябрь 18, 2017 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Чаро маъракаҳои ҳоҷиталбон ҳолати худнамоишдиҳӣ гирифтаанд?
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани қонуни танзими анъана зиёд шудаанд
16 СОЛИ ПУР АЗ МАНФИАТ. Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳимияти он дар зиндагии сокинон
ТАНЗИМИ МАЪРАКАҲО — ОМИЛИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ. Таҳти ин унвон дар шаҳри Левакант бо сокинон мулоқот доир гардид
Дар Суғд доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ корҳои таблиғотӣ ва силсиламулоқот гузаронида шуданд
Дар Вазорати молия ҷиҳати татбиқи қонуни танзим ҷаласа доир шуд
Барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 358 парванда аз ҷониби судҳо баррасӣ гардид
Ҷаримаҳо барои риоя накардани талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим зиёд карда шуданд
Суди ноҳияи Файзобод Шобидин Табаровро барои риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷарима намуд
Дар 20 рӯз 9 ҳолати вайрон намудани муқаррароти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ба қайд гирифта шуд
Ба сокини шаҳри Турсунзода барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Точикистон» ҷарима таъйин гардид
Суди ноҳияи Файзобод: Суннат Гулов барои риоя накардани қонун ба маблағи 2750 сомонӣ ҷарима месупорад