ТАНЗИМИ РАСМУ ОЙИНРО ДАР ЧИН ҲАМ АМАЛИ ОҚИЛОНА МЕҲИСОБАНД
ДУШАНБЕ, 15.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Як ҷуфт навхонадорони чинӣ аз шаҳри Шэнян дар тӯйи худ аз кортежи тӯёнаи иборат аз велосипедҳо истифода кардаанд. Навхонадорон қарор доданд, ки бар ивази лимузин ва мошинҳои гаронбаҳо дучархаҳоро иҷора гиранд ва бо ин роҳ маблағи буҷаи оилаашонро сарфа намоянд. Дар ин бора телевизиони байналмилалии чинии «CGTN RUSSIAN», ки ба забони русӣ пахш мегардад, хабар додааст.
Ин ҷуфти ҷавон ба 30 адад велосипед ҳамагӣ 30 юан (4,6 доллари ИМА) харҷ карданд. Ҳамаи дучархаҳо ба ширкати «Mobike», ки дар бахши «Bike Sharing» фаъолият мекунад, тааллуқ доштанд.
Кортежи ғайриодӣ дар кӯчаҳо таваҷҷуҳи роҳгузарони зиёдеро ба худ ҷалб кард, аксарияти онҳо ба ин қарори ҷавонон пуштибонӣ намуданд. Ин бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки танзими расму ойин ва муносибати эҳтиёткорона ба маблағҳо ҳатто дар кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта низ масъалаи мубрам аст. Ва инро бояд маҳз аз таҳияи буҷаи оила оғоз кард. Ба ақидаи Зигмунд Фрейд, «касе, ки қоидаҳои ин бозиро хуб аз худ мекунад, пирӯз мешавад».
«Бояд зикр кард, ки сокинони кишварҳои мутараққӣ ба хароҷоти худ бисёр эҳтиёткорона муносибат мекунанд. Ҳатто дар он ҷо одамони сарватманд пулро «исроф» намекунанд. Сарфи назар аз он ки одамон дар кишварҳои мутараққӣ нисбат ба шаҳрвандони кишварҳои рушдёбанда зиёдтар даромад ба даст меоранд, онҳо ба масоили иқтисодӣ таваҷҷуҳи хеле калон зоҳир менамоянд. Дар аксарияти ин кишварҳои сарватманд ҳар як тинро ҳисоб мекунанд, ба тӯю маросимҳои бемаънии бодабдаба, исрофкорӣ ва хариди зиёдатӣ роҳ намедиҳанд, инчунин аз ҷойҳои тахфифдор харидорӣ менамоянд», — менависад сомонаи интернетии русии «Финансовый гений».