Тавзеҳи қонуни танзим ба сокинони шаҳри Хуҷанд
ХУҶАНД, 15.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар вилояти Суғд мулоқоту суҳбатҳои гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» идома доранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» роҳбари дафтари матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Маъмури Юсуфзод хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дирӯз зимни мулоқот дар Маркази фарҳангии шаҳри Хуҷанд бо иштироки фаъолони маҳаллаҳои маркази вилоят шаҳрдори Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зикр кард, ки се рӯз боз дар ташкилоту муассисаҳои шаҳри Хуҷанд мулоқоти гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад. Мардум дар ин вохӯриҳо фаъолона иштирок намуда, аз нуктаҳои муҳими Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бархурдор шуда, ҳамзамон онро ҷонибдорӣ менамоянд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ гуфт, ки «амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» давоми 10 сол бори дигар собит намуд, ки сатҳи иҷтимоиёти мардум бо сарфаю сариштакорӣ боло рафтааст. Тағйиру иловаҳои навбатӣ низ ба манфиати аҳолӣ нигаронида шуда, дар асоси талабу дархости сершумори мардум ва таҷрибаи мусбати андӯхтаи кишварҳои ҳамҷавор амалӣ карда шудаанд. Тамоми тартиби гузаронидани маросимҳои дафну азодорӣ дар асоси ҳукми шариат ва дини мубини ислом таҳия гардида, орӣ аз хурофотпарастӣ мебошанд. Имрӯз бархе аз нафарон қонуни мазкурро дуруст дарк накарда, иддао доранд, ки ҷашну маросимҳо аз байн рафта истодаанд, вале ин гуфтаҳо тамоман нодурустанд, ягон ҷашн, оин ва маросимро қонунгузорӣ манъ накардааст, вале дар гузаронидани ҷашну маросимҳо танзим роҳандозӣ шудааст».
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Турсунов ва Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона баён доштанд, ки қабули ду Қонуни миллӣ, яке Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигаре Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар кишварҳои минтақа ҳамто надорад ва имрӯз қонунгузорони ин давлатҳо кӯшиш доранд, ки чунин қонунҳои ба манфиати мардум қабулшударо дар қаламрави кишварашон амалӣ намоянд. Дар Қонуни нави танзим меъёрҳои нави қонунгузорӣ илова шудаанд, ки барои гузаронидани маъракаҳои шодиву хурсандӣ ва дафну азодорӣ сабукиҳоро пешбинӣ намудаанд.
Он хурофоте, ки бо мурури замон ба анъанаҳои мардумии бархе аз минтақаҳои мо дохил шуда, боиси серхарҷии аҳолӣ шуда буд, манъ карда шуда, тағйироти иловашуда танҳо ба манфиати буҷаи оилавии ҳар як сокини кишвар равона карда шудаанд.
Чунин мулоқоту суҳбатҳо дар дигар ташкилоту муассисаҳои маркази вилоят низ идома доранд.