Тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба Парлумон ва афзалиятҳои қонуни танзими анъана ба сокинони Вахш
ДУШАНБЕ, 14.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар минтақаҳои ҷумҳурӣ мулоқоту суҳбатҳои вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон доир ба тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба Парлумони Тоҷикистон ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» идома доранд.
Дар доираи чунин мулоқотҳо вакили Маҷлиси намояндагон Бахтовар Сафарзода ва Раиси иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода дар мактабҳои рақами 20 ва 11-и -ноҳияи Вахш бо аҳли ҷамоати ин минтақа мулоқот намуданд.
Б. Сафарзода ва З. Исмоилзода иброз намуданд, ки соли 2017 барои Тоҷикистон соли бобарор буда, мардуми кишвар дар ин сол бо рӯҳбаландӣ аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳояшон дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ба як марҳилаи рушду ободонии диёрамон камари ҳиммат бастанд. Сафарҳои Сарвари давлат ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва натиҷагирии мусбати барномаҳои тарҳрезишуда аз рушди бомароми кишварамон шаҳодат медиҳанд. Таъкид шуд, ки татбиқи чунин барномаҳо марҳилаи нахустини амалӣ намудани «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» маҳсуб шуда, таҳти раванди гузариш ба модели нави рушди иқтисодиёт амал менамояд.
Зикр гардид, ки марҳила ба марҳила татбиқ гардидани Стратегияи нави миллии рушд имкон медиҳад, ки сатҳи камбизоатӣ аз 31 дарсади имрӯза то ба 20 дарсад дар соли 2020 расида, табақаи миёнаи аҳолӣ аз 22,4 дарсад ба 30 дарсад дар соли 2020 баробар гардад.